Дар оғози суҳбат роҳбари кишвари мо Покистонро ба
муносибати раёсати дарпешистодаи он дар Созмони ҳамкории Шанхай самимона табрик
намуд.
Таъкид гардид, ки сафари таърихии моҳи феврали соли ҷорӣ
ба Исломобод ва мулоқотҳои дар сатҳи олӣ баргузоршуда муносибатҳои байни ду
кишварро ба сатҳи сифатан нав бароварданд.
Зимни мулоқот оид ба густариши минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу
иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт ва логистика табодули афкор сурат гирифт.
Ба рушди ҳамкории байни минтақаҳо ва робитаҳо дар соҳаи инсонпарварӣ
низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ омодагӣ ба баргузории Форуми
минтақаҳо дар шаҳри Хива идома дорад ва дар Покистон баргузории Рӯзҳои фарҳанг
ва кинои Ӯзбекистон ба нақша гирифта шудааст.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади суръат
бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳо дар саноати нассоҷӣ, тиб, дорусозӣ, кишоварзӣ ва
дигар самтҳои афзалиятнок «харитаи роҳ»-и муштарак қабул карда шавад.