Дар оғози мулоқот роҳбари давлати мо таъкид намуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар тамоми самтҳо пайваста рушд меёбанд.
Масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетикаи барқароршаванда, геология ва саноати кӯҳию маъданӣ, инфрасохтор, таъсиси шабакаи истгоҳҳои барқпуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ, инчунин саноати хӯрокворӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, оид ба сохтмони хатҳои нави интиқоли неруи барқ дар кишвари мо ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадор дар соҳаи геология табодули афкор сурат гирифт.