Зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Покистон, инчунин татбиқи пайгиронаи тавофуқҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, муфассал баррасӣ шуданд.

Ҳамчун вазифаҳои афзалиятнок густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фаъолсозии механизмҳои Шӯрои шарикии стратегӣ, зиёд намудани ҳаҷми гардиши мол ва рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ арзёбӣ гардиданд.

Вазири корҳои хориҷӣ ба сафир дар фаъолияти дипломатияш дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон комёбӣ орзу намуда, омодагии худро барои ҳамкории наздик ва самаранок ҷиҳати ғанӣ гардонидани муносибатҳои дуҷониба бо мазмуни нав изҳор кард.