Дар солҳои охир масъалаҳои коҳиши
камбизоатӣ, таъмини аҳолӣ бо манбаъҳои даромад ва васеъ намудани имкониятҳои иқтисодӣ
дар маҳалла ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Бо
ин мақсад ба минтақаҳо ваколатҳои васеъ, захираҳои молиявӣ ва имкониятҳои
инфрасохторӣ дода шуда, инчунин низоми кор бо ҳар як оила ба таври мақсаднок ба
роҳ монда шудааст.
Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ, ки
дар аввали сол 5,8 фоизро ташкил медод, имрӯз то 3,9 фоиз коҳиш ёфтааст. Шумораи аҳолии ниёзманд аз 2 миллиону 200 ҳазор нафар то 1,5 миллион нафар
кам шудааст. 49 ноҳия ва 3 ҳазору 429 маҳаллае, ки дар онҳо корҳо дуруст ба роҳ
монда шудаанд, ба ҳудудҳои аз бекорӣ ва камбизоатӣ озод табдил меёбанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки натиҷаҳо дар минтақаҳои
гуногун яксон нестанд.
Дар се соли охир барои татбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ дар маҳаллаҳо
314 триллион сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Дар асоси таҳлилҳо нишон дода шуд,
ки бо вуҷуди якхела будани ҳаҷми маблағҳои ҷудошуда, самаранокии коҳиши
камбизоатӣ дар минтақаҳо ба таври назаррас фарқ мекунад.
Масалан, ба ноҳияҳои Шароф Рашидов ва Қаршӣ 2 триллиону
300 миллиард сӯм захираҳои қарзӣ ҷудо шудааст. Дар ноҳияи Шароф Рашидов ба
шарофати ин маблағҳо 30 ҳазор нафар аз камбизоатӣ бароварда шуданд, дар ҳоле ки
дар ноҳияи Қаршӣ шароити зиндагии 13 ҳазор шаҳрванди ниёзманд беҳтар гардид.
Дар робита ба ин қарор қабул шуд, ки минбаъд танҳо ҷудо
намудани маблағҳои қарзӣ натиҷаи ниҳоӣ ҳисобида нашавад: самаранокии ҳар як лоиҳа
аз рӯи шумораи ҷойҳои кории доимии таъсисдодашуда ва теъдоди оилаҳое, ки соҳиби
манбаи устувори даромад шудаанд, арзёбӣ карда мешавад.
Дар ҷамъомад инчунин омилҳое, ки барои ба даст овардани
натиҷаҳои зарурӣ дар маҳалҳо монеъ мешаванд, таҳлил гардиданд. Аз ҷумла, таъкид
шуд, ки на ҳамаи ёварони ҳокимон ва банкирҳои маҳалла барои таҳияи лоиҳаҳои соҳибкорӣ,
дуруст интихоб кардани воситаҳои молиявӣ ва кор бо соҳибкорон аз марҳилаи
ташаккули ғоя то оғози фаъолияти соҳибкорӣ малакаҳои зарурӣ доранд.
Дар давоми соли гузашта аз 86 ҳазор корхонаи хурде, ки
дар минтақаҳо таъсис дода шудаанд, 15 ҳазорашон фаъолияти худро қатъ карданд. Ҳоло
62 ҳазор шаҳрвандоне, ки аз бонк қарз гирифта, вале натавонистаанд фаъолияти
устувори соҳибкориро ба роҳ монанд, дар пардохти қарзҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ
шудаанд.
Дар робита ба ин таъкид гардид, ки ба аҳолӣ ва соҳибкорон
бояд на танҳо захираҳои молиявӣ, балки роҳҳалҳои ҳамаҷониба пешниҳод карда
шаванд, ки масъалаҳои фурӯши маҳсулот, технология, малакаҳои касбӣ, банақшагирии
соҳибкорӣ ва ташкили занҷираи фурӯшро дар бар гиранд.
Ҳамчун намуна натиҷаҳои омӯзишҳои дар вилояти Хоразм
гузаронидашуда оварда шуданд. Тибқи супориши Президент роҳбарони сохторҳои
комплекси иқтисодӣ дар давоми ду ҳафта шароити зиндагии 81 ҳазор нафар шахсони
камбизоат — 19 ҳазор оиларо дар минтақа омӯхтанд. Дар ин оилаҳо 12 ҳазор
нафар бекорон ва 10 ҳазор нафар шаҳрвандони дорои даромади паст муайян
гардиданд.
Ҳамзамон соҳибкорони вилояти Хоразм барои соҳаи сохтмон
ба 4 ҳазор коргар, барои соҳаи хизматрасонӣ ба 3 ҳазор ва барои саноат ба 2,5 ҳазор
коргар эҳтиёҷ доранд. Таъкид гардид, ки тавассути пайваст намудани ҷойҳои кории
мавҷуда бо имкониятҳои омӯзиши касбҳо метавон даромади 10–15 ҳазор нафар аз
оилаҳои камбизоатро зиёд кард.
Ҳамчунин зикр гардид, ки дар оилаҳои камбизоати омӯхташуда
48 ҳазор кӯдак тарбия меёбад ва муҳим аст, ки аз ҳоло онҳоро ба гирифтани касб
ва азхуд намудани малакаҳои муосир равона кард. Дар назди роҳбарони ҷавонон,
ёварони ҳокимон ва фаъолони занон вазифа гузошта шуд, ки дар мактабҳо, техникумҳо
ва марказҳои таълимӣ барои кӯдакони чунин оилаҳо маҳфилҳои иловагӣ ташкил
намоянд.
Дар вилояти Хоразм беш аз 10 ҳазор зан аз оилаҳои
камбизоат ба нигоҳубини кӯдакон машғуланд. Дар робита ба ин зарурати васеъ
намудани имкониятҳо барои машғул шудан ба корҳои даромаднок дар хона ё худи маҳалла,
инчунин фароҳам овардани шароит барои бозгашти онҳо ба бозори меҳнат тавассути
фарогирии кӯдакон ба таълими томактабӣ таъкид гардид.
Таъкид шуд, ки таҳлилҳо ва хулосаҳои дар вилояти Хоразм
бадастомада ба ҳамаи минтақаҳо дахл доранд ва қарор қабул карда шуд, ки низоми
куллан нави кор оид ба коҳиши камбизоатӣ ҷорӣ карда шавад.
Минбаъд дар ҳар як вилоят ва ҳар як ноҳия бо роҳбарии ҳокимон
ситодҳои махсус таъсис дода мешаванд. Бонкҳо, мақомоти шуғл ва дигар ташкилотҳои
комплекси иқтисодӣ якҷо бо ин ситодҳо бевосита дар маҳалҳо масъалаҳои таъмини
шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани даромади онҳоро ҳал хоҳанд кард.
Ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо якҷо бо сохторҳои
комплекси иқтисодии худ се рӯз дар як ҳафта фаъолияти худро бевосита ба масъалаҳои
коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ мебахшанд.
Хусусияти асосии низоми нав ба сатҳи ноҳияҳо интиқол
додани қисми зиёди захираҳои молиявӣ ва ваколатҳои қабули қарорҳо хоҳад буд.
Ваколатҳои идоракунии захираҳои қарзии имтиёзнок барои рушди соҳибкории оилавӣ
ва ҷавонон ба ситодҳои ноҳиявӣ дода мешаванд.
Айни
замон барои соҳибкории оилавӣ 1 триллиону 370 миллиард сӯм ва барои соҳибкории ҷавонон
450 миллиард сӯм захира мавҷуд аст. Ситодҳои ноҳиявӣ бо дарназардошти шароити
маҳаллӣ ва хусусиятҳои лоиҳаи мушаххас имконият пайдо мекунанд, ки муайян намоянд
ба кӣ ва ба кадом ҳаҷм қарз дода шавад, инчунин муҳлати қарзро муқаррар карда, ҷадвали
пардохтҳоро мутобиқ ба хусусияти фаъолияти соҳибкорӣ тағйир диҳанд.
Қарздиҳӣ,
лизинг, факторинг, таъмини гарав, суғурта, маблағгузории воситаҳои гардон ва
дигар воситаҳои молиявӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ҳар як лоиҳаи соҳибкорӣ
истифода хоҳанд шуд. Таъкид гардид, ки бо назардошти фарқияти муҳлати ташаккули
даромад дар соҳаи кишоварзӣ, савдо, хизматрасонӣ ва дигар самтҳо, шартҳои маблағгузорӣ
низ бояд ба ин хусусиятҳо мувофиқ бошанд.
Барои
лоиҳаҳое, ки бар асоси кооператсия амалӣ мешаванд, имкониятҳои иловагӣ фароҳам
оварда мешаванд. Агар соҳибкори пешсаф бо 10 оила ҳамкориро ба роҳ монад,
метавонад то 500 миллион сӯм қарзи бе гарав гирад, ҳангоми ба роҳ мондани ҳамкорӣ
бо 100 оила бошад, ҳаҷми қарзи бе гарав метавонад то 5 миллиард сӯмро ташкил диҳад.
Ташаббусҳои шаҳрвандони ниёзманде, ки дар таърихи қарзии
онҳо муҳлати пардохт гузаштааст, низ ба таври инфиродӣ арзёбӣ хоҳанд шуд. Барои
маблағгузории имтиёзноки лоиҳаҳои ояндадор имконият фароҳам оварда мешавад.
Аз Фонди коҳиши камбизоатӣ 240 миллиард сӯм, аз Фонди шуғл
100 миллиард сӯм ва 760 миллиард сӯм маблағҳое, ки дар доираи се «дафтар»
пешбинӣ шудаанд, ба ихтиёри ситодҳои ноҳиявӣ дода мешаванд. Инчунин тавассути
ин ситодҳо 300 миллиард сӯм захираҳои Ширкати рушди соҳибкорӣ, ки барои
пардохти ҷубронпулӣ то охири сол пешбинӣ шудаанд, равона карда мешаванд.
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ ба ихтиёри ноҳияҳо 3 триллиону
200 миллиард сӯм захира дода мешавад, ҳамзамон, ҳамчун меъёри асосӣ ба даст
овардани натиҷаҳои мушаххас аз истифодаи ин маблағҳо муайян карда мешавад.
Ҳамчунин барои мутобиқ намудани механизмҳои маблағгузорӣ
ба тағйироти босуръати иқтисодӣ муносибати нав ҷорӣ карда мешавад. Вазорати иқтисод
ва молия ва Бонки марказӣ ҳар семоҳа механизмҳои қарздиҳӣ, субсидия ва ҷубронпулиҳоро
бо дарназардошти имкониятҳои минтақаҳо, шароити пешбурди соҳибкорӣ ва талаботи
бозор такмил медиҳанд.
Ҳамзамон ба баланд бардоштани иқтидори ёварони ҳокимон ва
банкирҳои маҳаллаҳо диққати махсус дода мешавад. Фаъолияти ёварони ҳокимон дар
8 ҳазору 992 маҳалла бар асоси меъёрҳои натиҷабахшӣ ва ташаббускорӣ аз нав
арзёбӣ карда мешавад.
Дар муҳлати ду моҳ маркази махсуси таълимӣ таъсис дода
мешавад, ки ба он мутахассисони хориҷӣ ҷалб хоҳанд шуд. Ёварони ҳокимон ва
банкирҳои маҳаллаҳо оид ба таҳияи лоиҳаҳо, ҳисоб намудани моделҳои тиҷоратӣ,
интихоби воситаҳои маблағгузорӣ ва кор бо соҳибкорон омӯзиш хоҳанд гирифт. Қарор
қабул шуд, ки мутахассисоне, ки натиҷаҳои беҳтарин нишон медиҳанд, барои такмили
ихтисос ба Чин, Ҷопон ва Туркия фиристода шуда, кормандони намунавӣ ба таври
иловагӣ ҳавасманд карда шаванд.
Дар ҷамъомад низоми рушди инфрасохтори соҳибкорӣ низ
баррасӣ гардид. Минбаъд ноҳияҳо фармоишгари бевоситаи лоиҳаҳои инфрасохтори соҳибкорӣ
хоҳанд буд ва маблағҳои зарурӣ мустақиман ба маҳалҳо равона карда мешаванд. Ба
ситодҳои ноҳиявӣ инчунин ҳуқуқ дода мешавад, ки корҳои тарҳрезӣ, сохтмон ва
назорати сифатро ба бахши хусусӣ вогузор кунанд.
Дар сиёсати коҳиши камбизоатӣ бар асоси муносибати нав
механизмҳои ҳифзи иҷтимоӣ низ такмил дода мешаванд. Ба Агентии миллии ҳифзи иҷтимоӣ
супориш дода шуд, ки то охири сол меъёрҳои ворид намудани шаҳрвандони ниёзманд
ба Феҳристи иҷтимоиро бознигарӣ намояд.
Гузариш ба низоми бисёрҷанбаи арзёбӣ пешбинӣ шудааст, ки
дар он на танҳо даромади оила, балки мавҷудияти бемориҳои музмин, маъюбӣ,
серфарзандӣ, инчунин дар хориҷ кор кардани аъзои оила ва дигар омилҳои иҷтимоӣ
ба назар гирифта мешаванд.
Бо вуҷуди он ки сатҳи камбизоатӣ дар кишвар то 3,9 фоиз
коҳиш ёфтааст, дар байни оилаҳое, ки фарзандони то сесола доранд, ин нишондиҳанда
ба ҳисоби миёна 6,5 фоизро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин низоме ҷорӣ карда
мешавад, ки ба волидони машғули нигоҳубини кӯдакон имкон медиҳад дар хона ё
бевосита дар маҳалла соҳиби кор ва даромади устувор шаванд.
Ба модарони коркунанда то расидани кӯдак ба синни яксолагӣ
аз Фонди суғуртаи иҷтимоӣ кӯмакпулӣ пардохт карда мешавад. Барои оилаҳои
ниёзманди қобилияти корӣ надошта бошад, таҷрибаи пешниҳоди бастаҳои иҷтимоӣ, ки
манбаи ғайрифаъоли даромад фароҳам меоранд, идома дода мешавад. Таъкид гардид,
ки соли ҷорӣ барои ин мақсадҳо 300 миллиард сӯм ҷудо шудааст ва тақрибан нисфи
11 ҳазор оилае, ки чунин кумак гирифтаанд, даромади худро ба таври назаррас
зиёд кардаанд.
Аз соли оянда хароҷоти пардохти ҳаққи ташриф ба кӯдакистонҳои
давлатӣ ва хусусӣ, таҳсил дар марказҳои таълимӣ, истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ,
инчунин истиқомат дар хобгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои
фарзандони оилаҳои ба Феҳристи иҷтимоӣ дохилшуда бар асоси ваучер ҷуброн карда
мешаванд. Ваучер ба муҳлати 12 моҳ дода шуда, ҳатто баъд аз хориҷ шудани оила
аз Феҳристи иҷтимоӣ низ эътибори худро нигоҳ медорад.
Дар ҷамъомад дар назди роҳбарони минтақаҳо вазифа гузошта
шуд, ки то охири сол 350 ҳазор нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуда,
даромади боз 1 миллион нафар зиёд ва 230 ҳазор оила аз камбизоатӣ бароварда
шаванд.
Супориш дода шуд, ки барои ҳар як самт механизмҳо ва
алгоритми мушаххаси амал таҳия гардида, шахсони масъул то сатҳи маҳалла муайян
карда шаванд. Барои кормандоне, ки бевосита бо аҳолӣ кор мекунанд, бо
дарназардошти таҷрибаи кишварҳое, ки дар самти коҳиши камбизоатӣ таҷрибаи
назарраси амалӣ доранд, аз ҷумла Чин, дастурҳои мушаххас таҳия карда мешаванд.
Дар
низоми нав масъулияти асосӣ ва захираҳо ба маҳалҳо дода мешаванд. Вазифаи
афзалиятнок табдил додани ҳар як имконият дар маҳалла ба ҷойи кор ва манбаи
даромад, инчунин кор бо ҳар як оилаи ниёзманд ба таври инфиродӣ, бо
дарназардошти шароит ва имкониятҳои он хоҳад буд.
Дар
анҷоми ҷамъомад ҳисоботи шахсони масъул ва роҳбарони минтақаҳо
шунида шуда, барои ба таври низомнок ва натиҷабахш ташкил намудани корҳо ҷиҳати
иҷрои вазифаҳои гузошташуда супоришҳои дахлдор дода шуданд.