Дар ин бора Консулгарии генералии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Истанбул хабар дод.
Яке аз онҳо Ф.Ф.Н. мебошад, ки аз соли 2017 бо иттиҳоми содир намудани ҷинояти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ғоратгарӣ) дар ҷустуҷӯ қарор дошт. Боздошти ӯ дар Туркия ба давраи қариб 9-солаи ҷустуҷӯ хотима гузошт.
Ҳамчунин дар Истанбул А.М.А. боздошт гардид, ки бо иттиҳоми қаллобӣ, ки дар қисми 3 моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинӣ шудааст, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.
Гуфта мешавад, ки боздоштшудагон тибқи тартиби муқарраргардида ба мақомоти салоҳиятдори Ӯзбекистон супурда шудаанд. Айни ҳол нисбат ба онҳо амалҳои дахлдори тафтишотӣ ва мурофиавӣ гузаронида мешаванд.
Ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Ӯзбекистон ва Туркия дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, муайян намудани шахсони дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарордошта ва пешгирии фирори онҳо аз ҷавобгарӣ идома дорад.