Рушди босуръати иқтисоди кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсолоти
саноатӣ ва савдои хориҷӣ рушди пайвастаи инфрасохтори нақлиётиро тақозо
мекунад. Яке аз вазифаҳои афзалиятнок дар ин самт табдил додани Ӯзбекистон ба
як гиреҳи муҳими кӯтоҳтарин масири заминӣ аз Уқёнуси Ором то Аврупо, инчунин
васеъ намудани имкониятҳои баромад ба бозорҳои байналмилалӣ мебошад.
То соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки ҳаҷми хидматрасониҳои
нақлиётӣ ду баробар афзоиш ёфта, ба соҳа 9,1 миллиард доллар сармоя ҷалб карда
шавад ва ҳаҷми содироти хидматрасониҳо ба 5,7 миллиард доллар расонда шавад.
Дар рафти муаррифӣ лоиҳаҳои инфрасохтории зарурӣ барои расидан ба ин ҳадафҳо,
муҳлатҳои татбиқи онҳо, инчунин масъалаҳои ҳалталаб баррасӣ шуданд.
Дар оғоз оид ба сохтмон ва навсозии фурудгоҳҳо маълумот
пешниҳод гардид.
Дар Тошканд ва
Бухоро сохтмони маҷмааҳои нави фурудгоҳӣ бо арзиши умумии тақрибан 3 миллиард
доллар идома дорад. Фурудгоҳи нави байналмилалии Тошканд дар марҳилаи аввал
барои хидматрасонӣ ба 20 миллион
мусофир дар як сол пешбинӣ шудааст. Дар доираи лоиҳа созишномаҳо оид ба шарикии
давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расида, корҳои омодасозии майдони сохтмон ва
интиқоли шабакаҳои муҳандисӣ идома доранд.
Дар фурудгоҳи
нави байналмилалии Бухоро инфрасохтори аэродромӣ сохта мешавад. Барои ҷалби
шарики хусусӣ ҷиҳати сохтмон ва идоракунии терминали мусофирбар тендери
байналмилалӣ баргузор мешавад.
Ҳамчунин раванди татбиқи лоиҳаҳои навсозии фурудгоҳҳои
Урганҷ ва Намангон дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва фурудгоҳи Андиҷон
бо ҷалби оператори хусусӣ баррасӣ гардид. Дар натиҷаи ин корҳо иқтидори
гузарониши фурудгоҳҳо афзоиш ёфта, имкониятҳои хидматрасонӣ ба мусофирон мутобиқи
стандартҳои байналмилалӣ васеъ хоҳанд шуд.
Ба масъалаҳои рушди инфрасохтори роҳҳои автомобилгард низ
таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид.
Моҳи гузашта ба сохтмони роҳи автомобилгарди пулакии
Тошканд — Самарқанд бо арзиши 2,2 миллиард доллар оғоз бахшида шуд. Аввалин роҳи
автомобилгарди пулакӣ, ки шаҳрҳои Урганҷ ва Хиваро бо ҳам мепайвандад, мавриди
истифода қарор гирифт.
Дар рафти муаррифӣ масъалаҳои маблағгузории марҳилаҳои
минбаъдаи лоиҳаи Тошканд — Самарқанд, муайян намудани сармоягузорон барои лоиҳаҳои
роҳҳои пулакии Тошканд — Андиҷон ва Тошканд — Бӯстонлиқ, инчунин вазифаҳои
вобаста ба оғози корҳои амалӣ баррасӣ шуданд.
Пешниҳодҳо оид ба зиёд намудани иқтидори гузарониши
шабакаи роҳи оҳан низ пешниҳод гардиданд.
Айни замон як қатор қитъаҳои роҳи оҳан дар самтҳои асосии
транзитӣ бо сарбории зиёд фаъолият мекунанд. Афзоиши ҳаҷми борҳои саноатӣ ва ба
истифода додани қаторҳои нави баландсуръат сарбориро ба инфрасохтори мавҷуда
боз ҳам зиёд хоҳанд кард.
Дар ин робита тадбирҳои навсозии самтҳои Мақтаарал —
Сирдарё, Ангрен — Поп, Тошгузар — Бойсун — Қумқӯрғон, Тошканд — Самарқанд ва Туқимачӣ
— Ангрен баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки бо ҷудо намудани 200 миллион доллар
барои ин корҳо метавон иқтидори гузарониши қитъаҳои мазкурро 25–30 фоиз зиёд
кард.
Дар бораи сохтмони роҳи оҳани Чин — Қирғизистон — Ӯзбекистон,
таъсиси хатти алоҳидаи роҳи оҳани баландсуръат дар самти Тошканд — Самарқанд,
инчунин лоиҳаҳои васеъ ва барқӣ гардонидани шабакаи роҳи оҳан дар минтақаҳо
гузориш дода шуд. Ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба навсозии парки вагонҳои боркаш ва ҷалби
васеътари бахши хусусӣ ба ин раванд муҳокима гардиданд.
Масъалаҳои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ ва васеъ
намудани имкониятҳои баромад ба бозорҳои ҷаҳонӣ тавассути бандарҳои баҳрӣ низ
алоҳида баррасӣ шуданд.
Дар бораи корҳо ҷиҳати таъсиси инфрасохтори логистикӣ бо
иштироки Ӯзбекистон дар бандарҳои Актау, Туркманбошӣ ва Боку дар соҳили баҳри
Каспий, инчунин бандарҳои Поти ва Анаклия дар соҳили баҳри Сиёҳ маълумот пешниҳод
гардид.
Аз ҷумла, созишнома оид ба таъсиси маркази логистикӣ дар
бандари Поти ба имзо расида, асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа таҳия
мешавад. Имкониятҳои иштироки Ӯзбекистон дар рушди бандари Анаклия, инчунин
сохтмони роҳи оҳани Нахичевон, ки дастрасӣ ба бандарҳои Самсун ва Истамбули
Туркияро таъмин хоҳад кард, омӯхта мешаванд.
Ин лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки масирҳои интиқоли маҳсулоти
нассоҷӣ, кимиёвӣ, кишоварзӣ ва кӯҳӣ-металлургӣ ба бозорҳои хориҷӣ
диверсификатсия карда шаванд.
Зарурати васеъ намудани шабакаи марказҳои логистикӣ дар дохили
кишвар низ барои истифодаи самараноки долонҳои байналмилалии нақлиётӣ таъкид
гардид.
Дар бораи рафти иҷрои супоришҳо оид ба тахассусмандсозии
шаҳрҳои Ханобод ва Ангрен, инчунин ноҳияҳои Янгиюл, Оҳангарон, Олот ва Тирмиз
дар самти фаъолияти нақлиётӣ-логистикӣ маълумот пешниҳод шуд.
Дар шаҳри Тошканд, вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Сурхондарё
ва Бухоро ба нақша гирифта шудааст, ки 17 лоиҳа оид ба таъсиси марказҳо ва
терминалҳои логистикӣ амалӣ карда шаванд. Масъалаҳои ҷойгиркунии онҳо, ҷалби
сармоягузорон, маблағгузорӣ ва таъмини инфрасохтори зарурӣ баррасӣ шуданд.
Дар муаррифӣ ба рақамикунонии ҳамлу нақли бор ва коҳиш
додани иқтисодиёти пинҳонӣ дар соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки ҳиссаи иқтисодиёти пинҳонӣ дар соҳаи ҳамлу
нақли бор ҳанӯз ҳам беш аз 42 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумлаи мушкилоти асосии
ин соҳа набудани феҳристи ягонаи воситаҳои нақлиёти боркаши маҳаллӣ ва низоми
ягонаи электронӣ мебошад, ки ташаккули фармоишҳои электронӣ ва тамоми
хизматрасониҳои нақлиётиро муттаҳид созад.
Дар робита ба ин пешниҳод шуд, ки низоми ягонаи рақамии
нақлиётӣ таъсис дода шуда, феҳристи интиқолдиҳандагон таҳия ва агрегатор барои қабули
ҳуҷҷатҳои электронии роҳ ва фармоишҳо ҷорӣ карда шавад. Ҳамчунин тадбирҳои
васеъ намудани мубодилаи иҷозатномаҳои электронӣ ва ҷорӣ намудани имконияти
пайгирии ҳаракати борҳо дар низоми вақти воқеӣ ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ
баррасӣ шуданд.
Бо ин роҳ фароҳам овардани шароити муносиб барои интиқолдиҳандагон,
қонунӣ гардонидани хидматрасониҳои ғайрирасмӣ ва баланд бардоштани шаффофият
дар соҳа пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлати мо аҳамияти дақиқ муайян намудани муҳлатҳои
татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшуда, манбаъҳои маблағгузории онҳо ва натиҷаҳои
интизоршаванда, инчунин татбиқи ба ҳам алоқаманди онҳоро таъкид кард. Ба масъулон оид ба масъалаҳои баррасишуда
супоришҳои дахлдор дода шуданд.