Дар мамлакат ҷиҳати навсозии инфрасохтори нақлиётӣ корҳои густурда амалӣ мегарданд. Лоиҳаи васеъсозии фурудгоҳи байналмилалии Намангон низ як қисми муҳими ҳамин ислоҳот ба шумор меравад.

Корҳои сохтмонӣ дар асоси қарори роҳбари давлат аз 29 марти соли 2021 «Дар бораи чораҳои рушди шарикии давлатӣ ва бахши хусусӣ дар соҳаи идоракунии фурудгоҳҳои ҷумҳурӣ» амалӣ мешаванд.

Фурудгоҳи байналмилалии Намангон соли 1971 мавриди истифода қарор гирифтааст. Аз соли 2013 дар мақоми фурудгоҳи байналмилалӣ фаъолият дорад. Алҳол тавассути ин фурудгоҳ 9 ширкати ҳавопаймоӣ парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд.

Барои лоиҳа дар маҷмӯъ 175 миллион доллар сармоя ҷалб гардидааст. Тибқи нақша, то анҷоми соли 2026 терминали нави мусофирбари ҷавобгӯи талаботи муосир ба кор шурӯъ хоҳад кард. Терминали сеошёна бо масоҳати 22,6 ҳазор метри мураббаъ дар як соат ба 1 ҳазору 200 нафар ва тӯли соле ба зиёда аз 3 миллион мусофир хидмат расонида метавонад. Ин иқтидори кунунии фурудгоҳро чандин маротиба зиёдтар менамояд.

Дар терминали нав нуқтаҳои назорати сарҳадӣ ва гумрукӣ, хадамоти раводид (виза), толори тиҷоратӣ, нуқтаҳои савдо ва хӯроки умумӣ, бунгоҳи тиббӣ ва минтақаи “Duty Free” ташкил карда мешаванд. Дар натиҷа 550 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад.

То анҷоми соли 2027 терминали боркашонӣ (карго), ки иқтидори шабонарӯзии он 50 тонна мебошад, ба истифода дода мешавад. Барои водии Фарғона низоми ягонаи муосири карго ташкил гардида, имконияти содироти маҳсулот ба 90 мамлакати ҷаҳон боз ҳам васеъ хоҳад шуд.
Сарвари давлат бо раванди сохтмон аз наздик шинос шуда, оид ба такмили минбаъдаи инфрасохтори аэропорт як қатор супоришҳо дод.