Солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати барои аҳолӣ ва соҳибкорон мусоид, фаврӣ ва шаффоф гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ чорабиниҳои густурда амалӣ мегарданд. Ҳаҷми хизматрасониҳои давлатӣ 10 баробар афзуда, аз 61 миллион гузашт. 80 дарсади онҳо дар шакли онлайн пешниҳод мешаванд. Танҳо дар соли 2025 беш аз 2 ҳазор талаботи ҳатмӣ оид ба соҳибкорӣ бекор карда шуд.

Ҳамзамон, дар соҳа тартибу тамоюли зиёдатӣ, коғазбозӣ ва талаботи такроршаванда ҳанӯз ҳам боқӣ мемонанд. Алҳол дар мақомоти давлатӣ 5 ҳазору 650 функсия, беш аз 42 ҳазор талаботи ҳатмии танзимкунандаи тиҷорат ва 1 ҳазору 41 хизматрасонии давлатӣ мавҷуданд.

– Миқдори зиёди функсия ва талабҳо метавонад низомро бесамар, қимат ва баъзан ғайриодилона намояд. Бинобар ин, танҳо деригулятсия, рақамисозӣ ва соддагардонӣ – роҳи дурусттарин аст, – гуфт роҳбари давлат.

Бо мақсади то соли 2030 ба «минтақаи озод аз бюрократияи зиёдатӣ» табдил додани Ӯзбекистон, дар ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб Барномаи «Бартарафсозии бюрократия – 2030» оғоз ёфтааст. Дар назди Агентии рушди стратегӣ ва ислоҳот офиси махсуси лоиҳавӣ ташкил гардидааст.

Дар доираи барнома ба андозаи 30 фоиз коҳиш додани функсияҳои мақомоти давлатӣ, то 20 фоиз мақбулгардонии талабот ба бизнес ва аз 90 фоиз зиёдтар кардани ҳиссаи хидматрасониҳои давлатии электронӣ пешбинӣ шудааст.

Дар тақдимот пешниҳодҳо оид ба куллан такмил додани хизматрасониҳои давлатӣ дар асоси модели «давлати сервисӣ» (хизматрасон) баррасӣ шуданд. Дар ин раванд эътибори асосӣ ба пешниҳоди хидматҳои давлатӣ бидуни талаб кардани ягон ҳуҷҷати зиёдатӣ, ба таври фаврӣ, шаффоф ва мусоид равона карда мешавад.

Бахусус, барои 783 хизмати давлатӣ роҳандозии тамоюли «бюрократияи сифр» пешниҳод гардид. Тавассути ин 550 намуди хизматҳои давлатӣ ба шакли электронӣ гузаронида шуда, марҳилаҳои хидматрасонӣ 2 баробар кам мешаванд. 80 намуди хидматҳо ба шакли проактивӣ ва композитӣ гузаронида мешавад. Дар натиҷа, қариб 35 миллиард сӯм хароҷоти солонаи нақлиётӣ, ки аҳолӣ барои омадан ба идораҳои гуногун харҷ мекарданд, сарфа мегардад.

Мӯҳлати иҷрои боз 80 намуди хидматҳо 2-3 баробар кӯтоҳ гардида, мӯҳлати миёна аз 13 рӯз то ба 6 рӯз поин меравад. 10 хидмат пурра автоматӣ кунонида мешавад. Дар натиҷаи камтар кардани пардохтҳо барои 25 намуди хизмат, дар ихтиёри аҳолӣ соле то 851 миллиард сӯм маблағ боқӣ мемонад.

Инчунин, ба бахши хусусӣ гузаронидани 10 хидматрасонӣ, рақамикунонии 15 маълумотномаву ҳуҷҷат муайян гардидааст. Бо ин роҳ, амалияи такроран талаб кардани ин маълумоту ҳуҷҷатҳо дар зиёда аз 270 намуди хидматрасонӣ бекор карда мешавад.

Ба масъалаи бознигарии талаботи ҳатмӣ диққати махсус зоҳир гардид. Масалан, қариб дар 20 ҳуҷҷат оид ба фаъолияти бозорҳо зиёда аз 500 талабот ба таври пароканда амалӣ мегарданд. Гуфта шуд, ки тавассути муназзамсозии онҳо метавон беш аз 30 фоизи талаботро мақбул гардонид.

Инчунин, имконияти тавассути низоми электронӣ ташаккул додани далолатномаи мувофиқат ба талаботи санитарӣ ва рӯйхати кормандоне, ки аз муоина мегузаранд, муаррифӣ гардид. Тавассути ин метавон соле 1 миллиард сӯм маблағи буҷаро сарфа намуда, 24 ҳазор соати кории кормандон ба фаъолияти амалӣ равона карда шавад.

Тибқи ҳисобҳо, коҳиш додани бори маъмурӣ ба иқтисодиёт соле 1,5 миллиард доллар самараи мустақим меорад. Беҳтар кардани сифати танзим ба ҷалби 800 миллион доллар сармоягузории иловагии хориҷӣ хидмат мекунад. Аз ҳисоби содда намудани равандҳо миёни давлат ва тиҷорат, маҳсулнокии меҳнат соле то 750 миллион доллар афзоиш меёбад. Дар маҷмӯъ, чораҳои кам кардани бюрократия барои ба 13 миллиард доллар афзудани иқтисодиёт дар солҳои 2026-2030 мусоидат мекунад.

Дар муаррифӣ тавассути платформаи ягонаи reestr.gov.uz пешбарии феҳристи функсияҳои давлатӣ, талаботи ҳатмӣ ва хидматҳои давлатӣ, арзёбии фаъолияти идораҳо дар асоси «Bureaucracy radar», инчунин, ҷорӣ намудани низоми таҳлил тавассути зеҳни сунъӣ ва ҳисобкунии хароҷоти соҳибкорон тавассути «Бизнес-калкулятор» пешниҳод гардид.

Президент таъкид намуд, ки хидматҳои давлатӣ бевосита бо қадри инсон, муҳити мусоид барои соҳибкорон ва самарадории идораи давлатӣ вобаста мебошанд. Вазифаҳои худро бознигарӣ намудани ҳар як вазорату идора ва бекор кардани талаботу ҳуҷҷатҳои зиёдатӣ, инчунин, суръат бахшидан ба рақамикунонии хизматрасониҳо муҳим арзёбӣ гардид.

Ба масъулон супориш шуд, ки лоиҳаи қарор оид ба бартараф кардани бюрократияро пешниҳод намоянд, ки дар он барои ҳар як вазорату идора нақшаҳои мушаххас оид ба рақамикунонӣ, соддагардонии хидматҳои давлатӣ ва афзоиши ҳиссаи сектори хусусӣ муайян карда шаванд.

Ҳамчунин, аз рӯйи оммавигардонии таҷрибаҳои пешқадам дар соҳа ва татбиқи пайгиронаи тамоюли «бюрократияи сифр» дар фаъолияти тамоми идораҳо дастурҳо дода шуданд.