Ман хеле шодам, ки шуморо дар ҷаласаи 59-уми солонаи Шӯрои
роҳбарони Бонки осиёии рушд мебинам. Мо ифтихор дорем, ки чунин форуми бонуфуз
дар кишвари мо баргузор мегардад.
Сарзамини мо бо таърихи бисёрҳазорсола, ки дар
чорроҳаи роҳҳои Роҳи бузурги абрешим ҷойгир
аст, аз қадим марказе буд, ки Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷанубро ба ҳам мепайваст.
Дар ин ҷо роҳҳои рушди тамаддуни ҷаҳонӣ, илм ва тиҷорат ба ҳам мерасиданд. Ӯзбекистон
нави мо, ки таҷассумгари таърихи бузург ва ояндаи шукуфон аст, рӯз аз рӯз ба
майдони муҳими баррасии масъалаҳои байналмилалӣ табдил меёбад. Бовар дорам, ки
форуми имрӯзаи Самарқанд барои пешбурди ғояҳои пешрафта ва қабули қарорҳои муҳим
хизмат мекунад.
Хуш омадед ба Ӯзбекистон нав!
Меҳмонони гиромӣ!
Имрӯз иқтисоди кишвари мо дар марҳилаи тамоман нави рушд қарор
дорад. Аз соли 2016 мо ислоҳоти васеъмиқёсро оид ба озодсозии иқтисод, фароҳам
овардани муҳити ҷолиб барои сармоягузорон, иштироки фаъол дар занҷирҳои ҷаҳонии
арзиши иловашуда, навсозии куллии инфрасохтори иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, инчунин беҳтар
кардани сатҳи зиндагии аҳолӣ амалӣ намуда истодаем.
Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ мо бо халқи меҳнатдӯсти худ
роҳи душворро паси сар кардем. Ба иқтисоди кишвар 150 миллиард доллар сармояи
хориҷӣ ҷалб гардид, ҳазорҳо корхонаҳои муосир ба кор даромаданд. Танҳо дар бахши
энергетика бо лоиҳаҳои арзишашон 35 миллиард доллар истеҳсоли нерӯи барқ 1,5
маротиба афзуда, ба 87 миллиард киловатт-соат расид. Содироти мол ва
хизматрасонӣ 3 баробар зиёд шуд ва ҳаҷми иқтисод аз 50 то 147 миллиард доллар
расид.
Ин дастовардҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф мешаванд. Аз
соли 2020 Ӯзбекистон пайваста рейтингҳои қарзии худро беҳтар мекунад. Дар
Индекси озодии иқтисодӣ кишвари мо 14 зина боло рафта, бори аввал ба гурӯҳи иқтисодҳои
«нисбатан озод» дохил шуд. Ҳатто дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ иқтисоди мо дар
семоҳаи аввал 8,7 фоиз рушд кард.
Муҳимтар аз ҳама, дар рафти ислоҳот мо ба беҳбудии
зиндагии ҳар як оила, ҳар як инсон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Дар ин давра
даромади 8,5 миллион шаҳрвандони ниёзманд зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз қариб
35 фоиз то 5,8 фоиз коҳиш ёфт. Дар даҳсолаи охир Ӯзбекистон ба панҷгонаи кишварҳое
ворид шуд, ки дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор пешрафти назаррас доранд.
То
соли 2030 мо ният дорем, ки тамоми соҳаҳоро ба модели рушди технологӣ ва
инноватсионӣ гузаронида, ҳаҷми иқтисодро ба зиёда аз 240 миллиард доллар
расонем. Ҳадафи мо ворид шудан ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромади миёнаи баланд
ва пурра аз байн бурдани камбизоатист.
Дар
ояндаи наздик мо 30 фоизи саҳмияҳои Фонди миллии сармоягузориро, ки дороиҳои 13
корхонаи стратегиро дар бар мегирад, ба бозори байналмилалӣ мебарорем. Боварӣ дорам, ки ин
иқдом эътимоди шариконро ба иқлими
сармоягузории кишвар боз
ҳам тақвият мебахшад.
Дӯстони гиромӣ!
Мо нақши Бонки осиёии рушд ва
дигар ниҳодҳои молиявии байналмилалиро дар ислоҳоти худ хеле қадр мекунем. Якҷоя
бо Бонк, ки шарики боэътимоди стратегии мо шудааст, мо лоиҳаҳоро ба маблағи қариб
16 миллиард доллар амалӣ кардем ва айни замон амалӣ мекунем. Мо махсусан аз
дастгирии барвақти Бонки осиёии рушд дар соҳаҳо ба монанди энергияи барқароршаванда,
манзили деҳот ва ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ миннатдорем.
Аз ин фурсат истифода бурда, аз
номи тамоми миллат ва аз номи худам ба президенти Бонки осиёии рушд, ҷаноби
Масадо Канда ва мудирони Бонк барои дастгирии пайвастаашон самимона изҳори
сипос мекунам.
Дар баробари ин барои ҳамкории
наздик бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ, Сандуқи байналмилалии асъор, Бонки рушди исломӣ,
Бонки сармоягузории инфрасохтори Осиё, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва дигар
муассисаҳои молиявии байналмилалӣ, инчунин ҳамаи шарикони хориҷии мо изҳори
сипоси амиқ мекунам.
Муҳтарам иштирокчиёни форум!
Мо бо Бонки рушди Осиё нақшаҳои мушаххасро барои
густариши минбаъдаи ҳамкориҳои наздик дар чунин самтҳои муҳим, ба мисли коҳиш
додани камбизоатӣ, рушди сармояи инсонӣ ва сохтмони инфрасохтори муосир муайян
кардем. Дирӯз
мо бо Бонк барномаи нави ҳамкориро ба маблағи 12 миллиард доллар имзо кардем.
Тавре
ки ба ҳамаи шумо хуб маълум аст, дар шароити нооромии имрӯза дар иқтисоди ҷаҳонӣ
тағйироти мураккаб ба амал омада истодаанд ва технологияҳои нав бо суръат аз
худ карда мешаванд. Худи шароит талаб мекунад, ки мо якҷо бо Бонк механизмҳои
нав ва равишҳои муассирро барои таъмини рушди устувор ҷорӣ намоем.
Якум, имрӯз технологияҳои рақамӣ
ва зеҳни сунъӣ қариб ҳамаи соҳаҳоро ба шакли комилан нав табдил медиҳанд.
Тибқи пешгӯиҳои Созмони ҷаҳонии
тиҷорат, то соли 2040 дар натиҷаи истифодаи зеҳни сунъӣ ҳаҷми гардиши савдои
байналмилалӣ ба таври иловагӣ 40 фоиз зиёд мегардад.
Мо ба рушди технологияҳои
иттилоотӣ ҷиддӣ машғул шудем. Дар Ӯзбекистон таъсиси Хаби зеҳни сунъӣ, ки ба
навоварӣ ва дониш такя мекунад, оғоз ёфтааст. Дар соҳаҳои иқтисодиёт беш аз 200
лоиҳа дар самти зеҳни сунъӣ амалӣ мегарданд. Барномаҳо барои зиёд кардани
шумораи марказҳои коркарди маълумот, суперкомпютерҳо ва лабораторияҳои зеҳни сунъӣ
дар минтақаҳо, инчунин барои омода кардани «панҷ миллион пешвои соҳаи зеҳни
сунъӣ» татбиқ мешаванд.
Махсусан таъкид мекунам, ки Бонки
рушди Осиё, инчунин шарикони мо аз ИМА, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи
Араб, Ҷопон, Корея ва Чин дар ин самт ба мо кумаки бевосита мерасонанд.
Бешубҳа, истифодаи моделҳои
кушоди зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои барои аҳолӣ муҳим, аз ҷумла маориф, тандурустӣ,
хоҷагии об, экология ва таъмини амнияти озуқаворӣ зарур мебошад.
Бо ин мақсад мо пешниҳод
менамоем, ки таҳти сарпарастии Бонки рушди Осиё барномаи махсус барои густариши
зеҳни сунъӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ таҳия карда шавад.
Ҳамчунин мо пайвастани худро ба
ташаббуси Бонк «Магистрали рақамӣ барои Осиё» эълон мекунем ва пешниҳод
менамоем, ки маркази ҳамоҳангсозии минтақавии он дар Тошканд таъсис дода шавад.
Дуюм, рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, дар
навбати худ, талабот ба захираҳои энергетикиро ба таври назаррас афзоиш медиҳад.
Тибқи таҳлили Агентии байналмилалии энергетикӣ, то соли
2030 эҳтиёҷоти марказҳои коркарди маълумот ба нерӯи барқ нисбат ба сатҳи имрӯза
2–3 баробар зиёд мешавад. Дар чунин шароит танҳо давлатҳое рақобатпазир
мемонанд, ки ба сармоягузорон нерӯи арзон, боэътимод ва «сабз»-ро пешниҳод
кунанд.
Мо
дар ин самт пешрафти назаррас ба даст овардем. Дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешсафи
ҷаҳон нерӯгоҳҳои бузурги шамолӣ ва офтобӣ бо иқтидори умумии 5 600 мегаватт ба
истифода дода шуданд, ки ин имкон дод ҳиссаи нерӯи «сабз» дар тавлиди умумӣ то
30 фоиз афзоиш ёбад. То соли 2030 мо ният дорем ин нишондиҳандаро то 54 фоиз
расонем.
Дар
маҷмӯъ, минтақаи мо дорои потенсиали бузург дар соҳаи тавлиди энергияи барқароршаванда
мебошад. Мо бо сипосгузорӣ дастгирии Бонки рушди Осиёро дар таъсиси долони "сабз"-и
энергетикии
«Осиёи Марказӣ – Аврупо» барои тавсеаи содироти энергияи тоза қайд мекунем.
Умед дорем, ки кишварҳои минтақа дар ҳамкорӣ бо Бонк дар ояндаи наздик татбиқи
ин лоиҳаи «шоҳроҳи энергетикӣ»-ро оғоз мекунанд.
Сеюм, яке аз вазифаҳои муҳимтарин
таъмини пайвастагии системаҳои нақлиётӣ ва устувории долонҳои логистикӣ
мебошад.
Тағйир ёфтани долонҳои логистикӣ
дар натиҷаи низоъҳо ва ихтилофҳои гуногун дар ҷаҳон аллакай имрӯз боиси то 30
фоиз зиёд шудани хароҷоти нақлиётӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад ва муҳлати
расонидани борҳо чанд ҳафта дароз мешавад.
Тавре ки ба шумо маълум аст, корҳо
оид ба лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон, ки Шарқ ва Ғарбро
мепайвандад, оғоз гардидаанд. Ин масири нави нақлиётӣ иқтидори транзитии тамоми
минтақаро ба таври ҷиддӣ баланд мебардорад. Муҳлати расонидани
борҳо то 10 рӯз коҳиш меёбад ва имконияти интиқоли то 15 миллион тонна бор дар
як сол фароҳам мегардад.
Дар ин робита пешниҳод менамоем, ки дар доираи
барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Бонк дар Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) «Иттиҳоди
рақамии гумрукӣ ва логистикӣ» таъсис дода шавад. Ин имкон медиҳад, ки расмиёти
гумрукӣ ҳамоҳанг карда шаванд, гардиши ҳуҷҷатҳо рақамӣ гардад ва интиқоли борҳо
аз марзҳо осон карда шавад.
Чорум, мо ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ
бо бахши хусусӣ бо иштироки Бонк манфиатдор ҳастем.
Махсусан, дар асри технологии имрӯза
ҳамаи мо мебинем, ки рақобат дар соҳаи маъданҳои муҳими стратегӣ рӯз аз рӯз
шадидтар мегардад.
Тибқи арзёбии коршиносони
байналмилалӣ, то соли 2040 талабот ба маъданҳои барои саноат муҳим 6 баробар
меафзояд. Ин имкониятҳои нав мебошад. Ӯзбекистон дорои захираҳои бузурги мис,
волфрам, молибден, магний, графит, ванадий, титан ва дигар канданиҳои фоиданок
мебошад. Бо мақсади истифодаи ин иқтидор мо бо шарикони кореягӣ маркази R&D
таъсис додем ва дар вилоятҳои Тошканд ва Самарқанд «Технопарки металлҳои
оянда»-ро бунёд карда истодаем. Бо ширкатҳои
бузурги ИМА, Чин ва Туркия зиёда аз 70 лоиҳа ба маблағи 1,6 миллиард доллар оғоз
намудем.
Ҳадафи мо на танҳо истихроҷи канданиҳои фоиданок,
балки тавассути коркарди амиқи онҳо додани такони нав ба рушди иқтисод мебошад.
Мо пешниҳод менамоем, ки ба барномаи Бонки рушди Осиё «Аз маъданҳои стратегӣ то
истеҳсолот» ҳамроҳ шуда, дар доираи он лоиҳаҳои дорои арзиши иловашудаи баланд
амалӣ карда шаванд. Дар ин самт муҳим мешуморем, ки дар корҳои геологӣ
технологияҳои муосир ва ҳалли рақамӣ ҷорӣ карда шаванд, дар равандҳои истихроҷ
ва коркард стандартҳои экологӣ татбиқ гарданд ва занҷираҳои устувори таъминоти
маъданҳои стратегӣ ташкил карда шаванд.
Панҷум, тағйирёбии иқлим ва
биёбоншавӣ ба рушди кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ мерасонанд.
Бо мақсади коҳиш додани оқибатҳои
мушкилоти экологӣ мо дар давоми панҷ сол дар доираи лоиҳаи умумимиллӣ «Яшил
макон» («Фазои сабз») ҳар сол 200 миллион ниҳол мешинонем. Дар қаъри хушкшудаи
баҳри Арал 2 миллион гектар ниҳолзори муҳофизатии ҷангал бо пӯшиши сабз бунёд
карда шудааст. Мо дар назди худ вазифаи муҳим гузоштаем — то соли
2030 сатҳи сабзазориро дар Ӯзбекистон ба 30 фоиз расонем.
Ҳамзамон Бонки рушди Осиё Барномаи амали иқлимии
худро, ки то соли 2030 пешбинӣ шудааст, бомуваффақият амалӣ мекунад. Бонк на
камтар аз 50 фоизи маблағгузориҳои солонаи худро ба лоиҳаҳои иқлимӣ равона
менамояд.
Ба андешаи ман, чунин талошҳои нек бо ҳамкории Бонк ва
кишварҳои дигари минтақа натиҷаҳои боз ҳам назаррас хоҳанд дод. Дар ин робита
пешниҳод менамоем, ки лоиҳаи минтақавии «Камари сабзи Осиёи Марказӣ» амалӣ
карда шавад.
Шашум, дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ миллионҳо сайёҳон
самтҳои бехатарро ҷустуҷӯ мекунанд.
Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузург дар чунин самтҳо, ба
мисли сайёҳии зиёратӣ, фарҳангӣ, гастрономӣ, этнографӣ, экстремалӣ ва тиббӣ мебошад.
Мо ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем ва ислоҳотеро анҷом додем, ки ба эҷоди
инфрасохтори зарурӣ, хизматрасонӣ, низоми раводид ва нақлиёт, ва пеш аз ҳама
таъмини амнияти сайёҳон равона шудаанд. Дар натиҷа, дар давоми даҳ сол ҷараёни
сайёҳони хориҷӣ ба Ӯзбекистон шаш баробар афзоиш ёфта, ба 12 миллион нафар дар
як сол расид.
Маркази тамаддуни исломӣ, ки ба наздикӣ дар Тошканд
ифтитоҳ ёфт ва ҳамчун ганҷинаи илмӣ ва маънавии Осиёи Марказӣ эътироф шудааст,
инчунин маҷмааи ёдгории олими бузург ва мутафаккир Имом Бухорӣ, ки дар Самарқанд
бунёд гардидааст, ба ҷойҳои нави нодири сайёҳии кишвари мо табдил ёфтанд. Чунин
маҷмааҳо дар кишварҳои ҳамсоя низ сохта мешаванд. Аз ин рӯ, мо ташаббуси
таъсиси «Ҳалқаи сайёҳии Осиёи Марказӣ» — фазои ягонаи сайёҳиро, ки кишварҳои
минтақаро ба ҳам мепайвандад, пешниҳод менамоем. Мо кишварҳои ҳамсоя, Бонки
рушди Осиё ва дигар шарикони худро даъват менамоем, ки портфели лоиҳаҳои рушди
сайёҳиро ташаккул дода, онҳоро якҷоя маблағгузорӣ намоянд.
Ҳамаи пешниҳодҳо ва ташаббусҳои зикршударо мо омодаем дар
ҳамкории фаъол бо Бонки рушди Осиё на танҳо дар доираи қарздиҳии давлатӣ, балки
тавассути шарикии давлативу хусусӣ, воситаҳои кафолатдиҳӣ, маблағгузории омехта
ва ҷалби сармояи хусусӣ амалӣ намоем. Дар ин робита пешниҳод менамоем, ки
«Платформаи инноватсионии маблағгузории лоиҳаҳои минтақавӣ» таъсис дода шавад.
Муҳтарам мудирони Бонк!
Дар шароити тағйироти шадиде, ки имрӯз дар иқтисоди ҷаҳонӣ
ба амал омада истодааст, нақши Бонки рушди Осиё дар таъмини суботи иҷтимоиву иқтисодии
минтақаи васеи мо боз ҳам муҳимтар мегардад. Дар ин замина мо ислоҳоти
самараноки Президенти Бонк ҷаноби Масато Канда, ки дорои дониши амиқ ва таҷрибаи
бузург дар соҳаи молияи байналмилалӣ ва муносибатҳои иқтисодӣ мебошад, пурра
дастгирӣ мекунем.
Дӯстони азиз!
Дар ин форум зиёда аз 4 ҳазор коршиноси бонуфуз аз беш аз
100 кишвари ҷаҳон, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, бонкҳо ва ширкатҳои
пешсаф иштирок доранд.
Бовар дорам, ки пешниҳодҳо ва ташаббусҳои муҳиме, ки дар
платформаи Самарқанд иброз гардиданд, дар оянда натиҷаҳои бузурги амалӣ хоҳанд
дод ва ҳар як тавофуқ ба лоиҳаи мушаххас ва судманд табдил меёбад.
Аз ин фурсат истифода бурда, ҳамаи шуморо даъват
менамоям, ки бо табиати зебо, ёдгориҳои таърихӣ ва чеҳраи меъмории муосири Ӯзбекистони
Нав аз наздик шинос шавед.
Ба
шумо саломатии бардавом ва дастовардҳои нав дар фаъолияти масъулиятнокатон
таманно дорам.