Дар солҳои охир дар кишвари мо ҷиҳати густариши хидматрасониҳои давлатии рақамӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири иттилоотӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ корҳои васеъмиқёс анҷом дода шуданд.

Дар натиҷаи ин, Ӯзбекистон дар раддабандии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди ҳукумати электронӣ 24 зина боло рафт. То соли 2030 ҳадаф гузошта шудааст, ки кишвар ба қатори 30 давлати пешсафи ҷаҳон дар ин самт дохил гардад.

Интизор меравад, ки соли ҷорӣ шумораи хидматрасониҳои давлатии рақамӣ ба 860 адад ва теъдоди истифодабарандагони онҳо ба 15,5 миллион нафар расад. Барои муқоиса, соли 2024 барои 4 миллион истифодабаранда 525 хидматрасонии давлатӣ дастрас буд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки пойгоҳҳои маълумот ва низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ дар қисмати идораҳои алоҳида ба таври пароканда ташаккул меёбанд ва дар равандҳои таҳлили маълумот ва қабули қарорҳо усули ягона вуҷуд надорад.

Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки платформаи ягонаи ҳамгирошудаи рақамии идоракунии давлатӣ ба таври марҳилавӣ ҷорӣ карда шавад. Бо истифода аз ин низом дар як платформа маълумот оид ба иқтисодиёти минтақаҳо, сармоягузорӣ, муҳити зист, масъалаҳои амният, мушкилоти аҳолӣ, сатҳи некӯаҳволии маҳаллаҳо, инчунин маълумоти геофазоӣ, иттилоот дар бораи объектҳо ва қабатҳои харитавӣ муттаҳид карда мешаванд.

Платформа бо истифода аз технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳад, ки маълумот таҳлил шуда, мушкилот дар минтақаҳо пешакӣ муайян карда шаванд, иҷрои қарорҳои қабулшуда назорат гардад, захираҳо самаранок тақсим шуда, сифати идоракунии давлатӣ баланд бардошта шавад.

Сарвари давлат таъкид намуд, ки ин низоми рақамии идоракунӣ бояд имсол дар пойтахт ҷорӣ гардида, аз соли оянда дар тамоми минтақаҳои кишвар татбиқ карда шавад.

Дар ҷараёни рӯнамоӣ инчунин масъалаи роҳандозии низоми ягонаи миллии таснифоти мол ва хидматрасониҳо баррасӣ гардид. Айни ҳол мақомоти гумрук, андоз, омор ва дигар идораҳо таснифоти гуногуни молҳоро истифода мебаранд. Ин ҳолат боиси афзоиши хароҷоти соҳибкорон, паст шудани дақиқии ҳисобот ва мушкил гардидани мубодилаи маълумот байни идораҳо мегардад.

Ҷорӣ намудани низоми ягонаи миллии таснифот имкон медиҳад, ки расмиёти зиёдатии бюрократӣ барои субъектҳои соҳибкорӣ коҳиш ёфта, мубодилаи маълумот байни мақомоти давлатӣ содда ва дақиқии ҳисоботи оморӣ баланд бардошта шавад.

Ҳамчунин ташаббус оид ба таъсиси низоми миллии навигатсионӣ муаррифӣ гардид. Қайд карда шуд, ки айни ҳол дар кишвар асосан аз платформаҳои навигатсионии хориҷӣ истифода мешавад. Низоми миллии навигатсионӣ имкон медиҳад, ки маълумоти географӣ дар асоси стандарти ягона ташаккул ёбад ва фаъолияти нақлиёт, логистика, хадамоти фаврӣ, шаҳрсозӣ ва хидматрасониҳои давлатӣ боз ҳам самараноктар ташкил карда шавад.

Дар рафти рӯнамоӣ инчунин нақшаҳои рушди содироти хидматрасониҳои IT ва экосистемаи стартапҳо баррасӣ шуданд. То соли 2030 пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми содироти хидматрасониҳои IT ба 5 миллиард доллар расонида, 5 ҳазор стартапи фаъол таъсис дода ва 2 миллиард доллар сармоя ҷалб карда шавад.

Таъкид гардид, ки дар раддабандии байналмилалии "StartupBlink" Ӯзбекистон 31 зина боло рафта, ҳамчун стартап-экосистемаи дар ҷаҳон босуръат рушдкунандатарин эътироф шудааст. Шаҳри Тошканд дар байни шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, шаҳрҳои Самарқанд ва Фарғона бори аввал ба феҳристи ҳазор шаҳри пешсафи стартапи ҷаҳон дохил шуданд.

Барои рушди минбаъдаи соҳа ба роҳ мондани барномаи «Talent Hub» пешбинӣ шудааст, ки ба мутахассисон ва сармоягузорони хориҷӣ имконият медиҳад корхонаро ба таври фосилавӣ ба қайд гирифта, суратҳисоби бонкӣ кушоянд ва корти байналмилалии бонкӣ расмӣ гардонанд. Ҳамчунин пешниҳод шуд, ки имтиёзҳои андоз барои кормандони ширкатҳои резиденти IT Park то соли 2040 тамдид гардида, барномаҳои «IT Visa» ва «Zero Risk» васеъ карда шаванд.

Инчунин    механизмҳои дастгирии корхонаҳои содиркунандаи хидматрасониҳои IT, аз ҷумла қисман ҷуброн намудани хароҷоти музди меҳнат, хароҷоти вобаста ба кӯчонидани фармоишгарон ва мутахассисони хориҷӣ, инчунин ҷуброни хароҷоти гирифтани сертификатҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд.

Ғайр аз ин, пешниҳодҳо оид ба ташкили зиёда аз 20 барномаи акселератсионӣ дар вилоятҳои Бухоро ва Фарғона, инчунин ворид намудани стартапҳо ба бозорҳои бузурги байналмилалӣ пешниҳод гардиданд.

Дар ҷамъомад ба масъалаҳои рушди инфрасохтори телекоммуникатсионӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар солҳои охир сатҳи фарогирии маҳалҳои аҳолинишин бо хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ аз 41 то 98 фоиз афзоиш ёфта, иқтидори умумии интернет 65 баробар зиёд шудааст.

Бо вуҷуди ин, қайд гардид, ки соҳибкорӣ дар соҳаи хидматрасониҳои телекоммуникатсионӣ барои соҳибкорони маҳаллӣ ҳанӯз ҳам ҷолибияти кофӣ надорад ва дар ноҳияҳои дурдаст ҳиссаи истифодабарандагони интернети ноқилӣ хеле паст боқӣ мемонад.

Бо мақсади беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ дар соҳа пешниҳод гардид, ки ду навъи иҷозатнома барои тарҳрезӣ ва сохтмони шабакаҳои телекоммуникатсионӣ муттаҳид карда, муҳлати додани иҷозатнома аз 25 то 10 рӯзи корӣ кам карда шавад.

Ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмони биноҳои бисёрошёна талаботи ҳатман пайвастшавӣ ба интернети баландсуръат ҷорӣ карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳанӯз дар марҳилаи сохтмон инфрасохтори алоқаи нахи оптикӣ фароҳам оварда шуда, сокинон бо хидматрасониҳои босифати рақамӣ таъмин гарданд.

Ғайр аз ин, барои ҷавононе, ки нияти оғози фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсияро доранд, дар доираи барномаи «Келажак тадбиркори» қарзҳои имтиёзнок ба маблағи то 530 миллион сӯм бо муҳлати 7 сол бо давраи имтиёзноки дусола ва меъёри фоизи 15 дарсад пешниҳод карда мешаванд. Барои соҳибкороне, ки дар ноҳияҳои дурдаст ва душворгузар фаъолият мекунанд, нақшаҳои тарифии имтиёзнок таҳия хоҳанд шуд.

Президенти мамлакат пешниҳодҳои тақдимшударо маъқул дониста, ба масъулон оид ба ҳамгироии маълумоти мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани сифати хидматрасониҳои рақамӣ, таъмини амнияти киберӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ, инчунин фароҳам овардани муҳити боз ҳам мусоид барои бахши хусусӣ дар соҳа супоришҳои мушаххас дод.