Барои расидан ба ҳадафҳои дар назди мамлакат гузошташуда дар самти рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва васеъ намудани содирот зарур аст, ки имкониятҳои ҳар як минтақа пурра истифода шаванд. Таъкид гардид, ки вилояти Намангон дорои иқтидори назарраси рушди босуръат дар заминаи технологияҳои баланд, саноати муосир ва соҳаи хидматрасонӣ мебошад.
Интизор меравад, ки аз рӯи натиҷаҳои соли ҷорӣ ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят ҷалбшуда ба 5,4 миллиард доллар ва содирот ба 1,2 миллиард доллар мерасад. Ҳамзамон, имкони таъмини рушди иқтисоди минтақа ба андозаи 9,5 фоиз, расонидани ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба 7–8 миллиард доллар ва содирот ба 1,3 миллиард доллар дар соли оянда зикр гардид.
Барои расидан ба ин ҳадафҳо маҷмӯи пешниҳодҳои нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 5,4 миллиард доллар ташаккул дода шудааст. Сарвари давлат вазифа гузошт, ки ин пешниҳодҳо ба лоиҳаҳои мушаххас табдил дода шуда, барои сармоягузорон шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад ва иҷрои ҳар як ташаббус таҳти назорати қатъӣ қарор гирад.
Дар машварат иншооти бузурге, ки дар вилоят сохта шуда истодаанд ва дар солҳои наздик мавриди истифода қарор мегиранд, муаррифӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар доираи васеъсозӣ ва навсозии фурудгоҳи байналмилалии Намангон терминали нав бо иқтидори қабули 1,2 ҳазор мусофир дар як соат ва инфрасохтори боркашонӣ, ки барои қабули 21,2 ҳазор тонна бор дар як сол пешбинӣ шудааст, бунёд мегарданд.
Дар ноҳияи Чуст лоиҳаҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли рангҳои нассоҷӣ ба маблағи 260 миллион доллар, истеҳсоли неруи барқ аз партовҳо ба маблағи 150 миллион доллар ва истеҳсоли масолеҳи гармнигоҳдоранда аз базалт ба маблағи 125 миллион доллар амалӣ мешаванд. Дар ноҳияи Поп таъсиси иқтидорҳои истеҳсоли консентрати нуқра ва дар Намангони Нав истеҳсоли маҳсулоти фарматсевтӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади омода намудани кадрҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар иқтисоди рақамӣ дар шаҳраки Намангони Нав сохтмони бинои муосири Парки технологияҳои иттилоотӣ пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки дар он даҳҳо ширкати технологӣ ҷойгир шаванд.
Барномаҳои сохтмон ва рушди шаҳрсозӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар шаҳраки Намангони Нав лоиҳаи сохтмони манзил барои 50 ҳазор оила, инчунин иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ амалӣ шуда истодааст.
Ба ташаккули низоми мукаммали истеҳсоли маҳсулоти тайёр дар соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зарурати истифодаи самараноки иқтидори 183 ҳазор гектар замини вилоят, рушди коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ ва таҳкими ҳамкориҳои кооперативӣ дар соҳаи агросаноатӣ таъкид гардид.
Дар ин робита, фаъолияти кластери муосири гӯсфандпарварӣ дар ноҳияи Тӯрақӯрғон, ки барои парвариши 70 ҳазор сар чорво пешбинӣ шудааст, инчунин рушди комплексҳои парандапарварӣ дар як қатор ноҳияҳо баррасӣ гардид. Ҳамчунин, нақшаи сохтмони комплекси бузурги чорводорӣ барои парвариши 25 ҳазор сар чорвои калони шохдор дар ноҳияи Косонсой муҳокима шуд.
Ташаббуси таъсиси мактаби кишоварзӣ дар шаҳраки Олмоси ноҳияи Чуст низ алоҳида баррасӣ гардид. Пешниҳод шуд, ки дар доираи он академияи аграрӣ, маркази агроинноватсионӣ, парки агросаноатӣ, низоми агрологистика ва агротуризм муттаҳид карда шаванд. Ҳамчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ тухмипарварии навъҳои серҳосили картошка, парвариши маҳсулоти полезии содиротӣ ва чорводории зотӣ рушд дода шавад.
Илова бар ин, оид ба васеъ намудани боғдорӣ дар заминаи усулҳои интенсивӣ ва органикӣ, азхудкунии заминҳои доманакӯҳии ноҳияи Поп, ҷорӣ намудани дастовардҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадами хориҷӣ дар соҳаи кишоварзӣ супоришҳо дода шуданд.
Яке аз масъалаҳои меҳварии машваратро шуғли ҷавонон ва баланд бардоштани даромади аҳолӣ ташкил дод. Зарурати истифодаи пурраи иқтидори 786 ҳазор ҷавони вилоят таъкид гардид. Бо ин мақсад онҳо бояд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва касбу ҳунарҳои муосир ҷалб гардида, барои бо ҷойи кор таъмин шуданашон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи он мусоидат карда шавад.
Таъсиси маркази омӯзиши забони итолиёвӣ дар Институти забонҳои хориҷии ба номи Исҳоқхон Ибрат мусбат арзёбӣ гардид. Имкониятҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар соҳаи кишоварзӣ, саноати электротехникӣ ва хӯрокворӣ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои итолиёвӣ баррасӣ шуданд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки омодагии мақсадноки забонӣ ва касбиро ташкил намуда, соли оянда 10 ҳазор ҷавонро бо ҷойҳои кори сердаромад дар Ҷопон ва Олмон таъмин намоянд. Ҳамчунин, аҳамияти истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ барои мусоидат ба шуғли шаҳрвандони аз хориҷи кишвар баргашта ва ҳалли мушкилоти онҳо таъкид гардид.
Президенти мамлакат қайд намуд, ки натиҷаҳои ин талошҳо бояд дар ҳаёти ҳаррӯза ва даромади мардум таҷассуми мушаххаси худро пайдо кунанд. Бо дарназардошти ин, вазифаҳо оиди ба 9,6 миллион сӯм расонидани даромади миёнаи аҳолии вилоят муайян карда шуданд.
Дар соҳаи сайёҳӣ рафти сохтмони маҷмааи бисёрсоҳаи «Арашан» дар ноҳияи Поп ва лоиҳаи осоишгоҳи кӯҳии «Қамчиқ» баррасӣ гардиданд. Марҳилаи аввали маҷмааи «Арашан» бояд соли 2027 мавриди истифода қарор дода шавад. Дар оянда он барои қабули ҳамасолаи 1,5 миллион сайёҳ пешбинӣ шудааст.
Илова бар ин, пешниҳод гардид, ки дар ноҳияҳои Янгиқӯрғон, Косонсой ва Чуст минтақаҳои нави сайёҳӣ рушд дода шаванд. Ҳамчунин, дар шаҳри Чуст таъсиси «Шаҳраки ҳунармандон» пешниҳод шуд, ки анъанаҳои кордсозӣ, дӯппидӯзӣ, кулолгарӣ ва кандакории чӯбро муттаҳид менамояд. Дар доираи ин лоиҳа таъсиси беш аз 4 ҳазор ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.
Барои васеъ намудани савдо ва соҳаи хизматрасонӣ низ имкониятҳои иловагӣ мавҷуданд. Дар айни замон беш аз 5 ҳазор сокин дар 35 кӯчаи дорои низоми шабонарӯзии фаъолият соҳиби даромад мебошанд. Вазифа гузошта шуд, ки соли оянда шумораи чунин кӯчаҳо ба 50 адад расонида шуда, дар соҳили дарёи Сир ҷойҳои истироҳат ва иншооти хизматрасонӣ бунёд ва сатҳи хизматрасонии канори роҳҳо беҳтар карда шавад.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои баландихтисос барои ин соҳаҳо масъалаи ба роҳ мондани барномаҳои муштараки таълимӣ дар самти сайёҳӣ ва менеҷменти меҳмонхонаҳо дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи илмҳои амалии Кремс (Австрия) баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, масъалаи баланд бардоштани дастрасии сокинони маҳаллаҳои дурдаст ба хизматрасониҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Пешниҳод шуд, ки таҷрибаи маркази иттилоотию хизматрасонии маҳалла дар ноҳияи Норин дар тамоми ноҳияҳои вилоят татбиқ гардида, ҳамчунин лоиҳаҳои «Деҳаи ҳушманд» дар асоси таҷрибаи Ҷумҳурии Корея рушд дода шаванд.
Дар ҷамъбасти машварат ба ҳокимияти вилоят ва ситоди ислоҳот оид ба татбиқи саривақтии лоиҳаҳои бузург, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва манбаъҳои устувори даромад, инчунин ҳалли мақсадноки масъалаҳои мавриди нигаронии аҳолӣ супоришҳо дода шуданд.