Як моҳ пеш роҳбари давлат барои фаъолгардонии корҳои сохтмони шаҳри нав вазифаҳои мушаххас муайян карда, супориш дода буд, ки натиҷаҳои корҳои анҷомдодашуда ҳар моҳ мавриди баррасӣ қарор гиранд.
Бо фармони алоҳидае, ки ҳафтаи гузашта қабул гардид, барои сармоягузорон, соҳибкорон ва минтақаҳо имтиёзҳои иловагӣ ва механизмҳои нави ташкилию идорӣ ҷорӣ карда шуданд.
Дар машварат масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамовардашуда, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва фавран ҳал намудани масъалаҳои ташкилӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат таъкид намуд, ки корҳои сохтмонӣ дар шаҳри Тошканди Нав бояд дар асоси равишҳои куллан нав ва бо риояи қатъии интизоми иҷроия ба роҳ монда шаванд.
Зикр гардид, ки соҳибкорон барои сармоягузорӣ ба татбиқи лоиҳаҳо омодаанд. Барои ин зарур аст, ки ба онҳо шароити мусоид фароҳам оварда, масъалаҳои ба миёномада сари вақт ҳал ва монеаҳои зиёдатӣ бартараф карда шаванд. Бо ин мақсад вазифа гузошта шуд, ки аз болои ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ назорати ҳамарӯзаи мушаххас ба роҳ монда шавад.
Сари вақт омода намудани майдонҳои сохтмонӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои сармоягузорон аҳамияти муҳим дорад. Ин корҳо ба таври мутамарказ тавассути дирексияи шаҳри Нави Тошканд ташкил карда мешаванд.
Ҳамзамон, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бевосита ба омодагии инфрасохтори муҳандисию коммуникатсионӣ вобаста аст.
Роҳбари давлат зарурати ҳамоҳангсозии корҳои сохтмонӣ бо рушди инфрасохтори шаҳри навро таъкид намуд. Шабакаҳои таъминоти барқ, об ва гармӣ, низоми канализатсия ва роҳҳо бояд то замони ба истифода супоридани иншоот омода бошанд.
Дар робита ба ин, супориш дода шуд, ки оид ба бо инфрасохтори зарурӣ таъмин намудани ҳудудҳои ба вилоятҳо вобасташуда барномаи алоҳида таҳия карда шавад.
Ба симои меъмории Тошканди Нав ва рушди ҳамаҷонибаи ҳудудҳои он низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Таъкид шуд, ки қитъаҳои замини ба вилоятҳо ҷудошуда набояд танҳо бо сохтмони биноҳои истиқоматӣ маҳдуд шаванд. Дар ин ҷо бояд марказҳои муосири соҳибкорӣ ва савдо, меҳмонхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш бунёд гардида, барои истироҳати аҳолӣ фазоҳои бароҳати ҷамъиятӣ фароҳам оварда шаванд.
Ҳамзамон, ҳар як иншоот бояд ба консепсияи ягонаи меъмории шаҳри нав ва талаботи «сохтмони сабз» мутобиқат намояд.
Масъалаҳои ташаккули рақобати солим байни минтақаҳо дар самти истифодаи қарорҳои муосири меъморӣ, ҷалби брендҳои бузурги байналмилалӣ, ободонии боғу гулгаштҳо ва фазоҳои ҷамъиятӣ низ баррасӣ шуданд.
Дар ҷараёни машварат рафти иҷрои лоиҳаи умумихалқии «Макони сабз» мавриди таҳлили интиқодӣ қарор гирифт.
Бо вуҷуди он ки мавсими тирамоҳии шинонидани дарахтон аз 8 ноябр оғоз гардидааст, дар як қатор минтақаҳо ин корҳо бо суръати нокифоя идома доранд. Аз ҷумла, дар вилоятҳои Тошканд, Самарқанд ва Ҷиззах аз нақшаҳои муқарраршуда қафомонӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамчунин, ҳолатҳои нобуд шудани сеяки ниҳолҳои баҳорон шинонидашуда ва ошкор гардидани омори бардурӯғ дар ҳисоботҳо мавриди танқиди шадид қарор гирифтанд.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки меъёри асосии арзёбии ин корҳо бояд на шумораи дарахтони шинонидашуда, балки сабзидан, реша давондан ва дар солҳои минбаъда нашъунамои пурраи онҳо бошад.
Барои ин зарур аст, ки бо назардошти хусусиятҳои иқлимӣ ва хокии ҳар як минтақа навъҳои мувофиқи дарахтон интихоб карда шаванд. Дар ин самт бояд ба дарахтони ба хушксолӣ, гармии шадид ва шӯршавии хок тобовар афзалият дода шуда, низоми обёрӣ ташкил ва нигоҳубини доимии ниҳолҳо таъмин карда шавад.
Ба истифодаи васеътари растаниҳое, ки ба шароити табиию иқлимии маҳаллӣ мутобиқ буда, нигоҳубини мураккабро талаб намекунанд, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Бо ин мақсад пешниҳод шуд, ки ниҳолхонаҳои махсусгардонидашуда барои парвариши навъҳои маҳаллии гулҳо ва растаниҳои ороишӣ ташкил карда шаванд. Инчунин, ба ҷойи майсазорҳое, ки обёрии зиёдро талаб мекунанд, бештар селозия, райҳон, чабрес ва буттаҳои маҳаллӣ шинонида шаванд.
Вазифа гузошта шуд, ки дар ҳар як маҳалла ба сари ҳар як сокин на кам аз се дарахт шинонида, ҳудудҳои сабз васеъ карда шаванд. Ҳамзамон, масъулияти раисони маҳаллаҳо ва кормандони хоҷагии ҷангал барои натиҷаҳои ин кор баланд бардошта шавад.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки сабзидан ва нашъунамои на кам аз 90–95 фоизи ниҳолҳои дар соли ҷорӣ шинонидашударо таъмин намуда, барои ҳифз ва нигоҳубини дурусти дарахту буттаҳои сабзи солҳои қаблӣ бунёдгардида чораҳои мушаххас андешанд.
Дар ҷамъбасти машварат оид ба иҷрои вазифаҳои пешгузошташуда ба масъулон супоришҳои дахлдор дода шуданд.