Пеш аз гузаштан ба масъалаи асосии рӯзнома, Сарвари давлат ба натиҷаҳои панҷумин Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки ҳафтаи гузашта дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд, таваҷҷуҳ намуд. Қайд гардид, ки дар доираи форум бо шарикони хориҷӣ 177 созишнома ба маблағи 43 миллиард доллар ба даст омадааст.

– Ҳар як созишнома бояд ба лоиҳаи мушаххас, ҷойҳои нави корӣ ва маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда табдил ёбад, – таъкид намуд Президент.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарор оид ба татбиқи 120 пешниҳоди аз ҷониби сармоягузорони хориҷӣ ироашударо пешниҳод намоянд. Зарурати бознигарии муносибати роҳбарони соҳаҳо ва ҳокимон ба таъмини сифат ва самаранокии сармоягузориҳои ҷалбшаванда таъкид гардид.

Зикр шуд, ки дар панҷ соли охир нисфи сармоягузориҳои ба иқтисодиёт ҷалбшуда ба ҳиссаи 4 минтақаи кишвар рост омадааст. Илова бар ин, аз рӯи сатҳи боздеҳи сармояи гузошташуда миёни минтақаҳо тафовути назаррас боқӣ мемонад. Дар ин робита ҳокимон бояд бар асоси ҳисобҳои дақиқ муайян кунанд, ки дар ҳар як ноҳия кадом соҳаҳо ва чӣ гуна бояд рушд дода шаванд, инчунин кадом лоиҳаҳои сармоягузорӣ метавонанд самаранокии бештарро таъмин намоянд.

Бо ин мақсад, ба 12 соҳаи иқтисодиёт 14 маркази таҳлилӣ, инчунин 37 муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва муассисаи таҳсилоти олии соҳавӣ вобаста карда шуданд. Ба роҳбарони ҳамаи соҳаҳо супориш дода шуд, ки якҷо бо онҳо иқтидори ҳар як ноҳияро омӯзанд ва бастаи лоиҳаҳоеро омода созанд, ки метавонанд рушди назарраси маҷмӯи маҳсулоти минтақавиро таъмин намоянд.

Сарвари давлат зарурати ба соҳаи масолеҳи сохтмонӣ табдил додани соҳаеро таъкид намуд, ки сазовори эътимоди сохтмончиён буда, аз рӯи сифат, стандартҳо, намудҳои маҳсулот ва нарх ҳалли ҳамаҷониба пешниҳод мекунад.

Ҳанӯз даҳ сол пеш масолеҳи сохтмонии ватанӣ асосан аз омехтаҳои қуму шағал, хишт, семент, шиша ва шифер иборат буд, ки 30–40 фоизи тамоми масолеҳи дар сохтмон истифодашавандаро ташкил медоданд. Дар даҳ соли охир ба соҳа 12 миллиард доллар сармоягузорӣ ҷалб гардида, зиёда аз 4 ҳазор корхонаи муосир ба истифода дода шуд.

Дар натиҷа иқтидорҳое ба вуҷуд омаданд, ки талаботи дохилиро ба беш аз 20 намуди асосии маҳсулот, аз ҷумла семент, шиша, масолеҳи базалтӣ, маҳсулоти сафолӣ, блокҳои газобетонӣ ва омехтаҳои хушки сохтмонӣ пурра таъмин мекунанд. Истеҳсоли масолеҳи гарминигоҳдоранда ва композитӣ, маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи ороишӣ, рӯйпӯшҳои фарш ва дигар навъҳои маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда бо суръати баланд рушд меёбад.

Имрӯз 98 фоизи масолеҳи зарурӣ барои сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ ва биноҳои саноатӣ дар дохили кишвар истеҳсол мешавад. Ба шарофати ин, дар давраи гузашта ҳаҷми истеҳсолот дар соҳа аз 7 триллион сӯм то 53 триллион сӯм афзоиш ёфта, содирот соли гузашта 1,2 миллиард долларро ташкил дод. Муҳимтар аз ҳама, соҳа роҳи муҳими ивазкунандаи воридотро тай намуд.

Дар аввали сол барномаи васеъмиқёси таъмини аҳолӣ бо манзил қабул гардид. Тибқи он, то соли 2040 пешбинӣ шудааст, ки ҳаҷми сохтмони манзил ду баробар афзоиш ёфта, ба 280 ҳазор адад дар як сол расонида шавад, инчунин шумораи маҳаллаҳои «Янги Ӯзбекистон» аз 61 то 120 зиёд гардад.

Илова бар ин, ҳамасола 20–25 миллион метри мураббаъ биноҳои тиҷоратӣ ба истифода дода мешаванд. Танҳо сохтмони манзилӣ ва тиҷоратӣ дар як сол ба масолеҳи сохтмонӣ ба маблағи 10 миллиард доллар талабот ба вуҷуд меорад.

Дар Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд ба шарикони хориҷӣ боз лоиҳаҳои инфрасохторӣ ба маблағи 27 миллиард доллар пешниҳод шуданд. Нерӯгоҳи барқи атомӣ дар вилояти Ҷиззах, фабрикаи чоруми ғанигардонии мис дар вилояти Тошканд, фурудгоҳи Тошканди Нав дар ноҳияи Ӯртачирчиқ бо иқтидори қабули 20 миллион мусофир, варзишгоҳи футбол барои 55 ҳазор ҷой дар Тошканди Нав, инчунин роҳи автомобилгарди 282-километраи Тошканд – Самарқанд  дар ҳамаи ин лоиҳаҳои бузург пеш аз ҳама масолеҳи сохтмонӣ зарур мешавад.

Табиист, ки дар чунин лоиҳаҳои калон нисбат ба стандартҳо, сифат ва сертификатсияи масолеҳи истифодашаванда талаботи баланд гузошта мешавад. Дар ин робита зарурати таъсиси низоми наве қайд гардид, ки имкон медиҳад истеҳсолкунандагони ватанӣ ба ин лоиҳаҳо ҳамгиро карда шаванд.

Сармоягузороне, ки ба лоиҳаҳои калон ва мега-лоиҳаҳо маблағгузорӣ мекунанд, хоҳиш доранд, ки масолеҳи сохтмонии воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад. Дар айни замон корхонаҳои зиёди ватанӣ низ омодаанд маҳсулоти худро барои чунин лоиҳаҳо пешниҳод кунанд. Онҳо изҳор медоранд, ки агар имтиёзҳои андоз аз арзиши иловашуда ба маҳсулоти маҳаллӣ низ татбиқ шаванд, омодаанд аз рӯи сифат ва стандартҳо рақобат намоянд.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки лоиҳаи қарорро оид ба таъмини шароити баробар ҳангоми таъминоти маҳсулоти воридотӣ ва ватанӣ ба лоиҳаҳои калон ва мега-лоиҳаҳо пешниҳод намоянд.

Дар ҷараёни ҷаласа инчунин ба иҷрои барномаи дусолаи рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар минтақаҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар доираи барнома сохтмони 34 иншооти бузурги сайёҳӣ, беш аз 1 ҳазор иншооти ҷойгиркунӣ, аз ҷумла 200 меҳмонхона, пешбинӣ шудааст.

Қайд гардид, ки дар меҳмонхонаҳои дар минтақаҳо бунёдшаванда ҳокимон бояд ҳиссаи масолеҳи маҳаллиро ҳадди ақал ба 95 фоиз расонанд.

Дар кишвари мо ҳамасола ба ҳисоби миёна 65 ҳазор хонаи истиқоматии инфиродӣ сохта мешавад ва боз 200–250 ҳазор манзил таъмир мегардад.

– Бояд ошкоро гуфт: бисёриҳо ҳанӯз аз бартариҳои масолеҳи каммасрафи энергия ба қадри кофӣ огоҳ нестанд, – қайд намуд Президент.

Ба ҳиссаи гарм кардани манзилҳои истиқоматӣ 20 фоизи истеъмоли умумии газ дар иқтисодиёт ва 11 фоизи неруи барқ рост меояд. Агар ҳангоми рӯйпӯш кардани фасад ва боми хона масолеҳи гарминигоҳдоранда истифода шавад ва тирезаҳои каммасрафи энергия насб гарданд, хароҷоти энергия метавонад то 30 фоиз коҳиш ёбад.

Дар ин робита, дар ноҳияи Камашӣ сохтмони маҳаллаи «Янги Ӯзбекистон» барои 4 ҳазор манзил дар асоси равиши нави лоиҳакашӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои фаронсавӣ ва бритониёӣ таҳия шудааст, амалӣ мегардад. Дар доираи ин лоиҳа танҳо масолеҳи ватании каммасрафи энергия истифода мешавад, ки имкон медиҳад арзиши аслӣ 20 фоиз ва хароҷоти гармкунӣ ва хунуккунии хонаҳо 25–30 фоиз коҳиш дода шавад.

Ба ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо супориш дода шуд, ки равиши нави лоиҳакаширо, ки дар таҷрибаи Камашӣ истифода шудааст, омӯзанд. Қайд гардид, ки имсол дар 33 ноҳия ва шаҳре, ки ба онҳо симои Ӯзбекистони Нав дода мешавад, сохтмони биноҳои бисёрошёна бояд танҳо дар асоси чунин равиш анҷом дода шавад.

Ба масъалаҳои содирот низ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир гардид. Давлатҳои ҳамсоя ҳамасола ба маблағи 13 миллиард доллар масолеҳи сохтмонӣ ворид мекунанд. Зикр шуд, ки танҳо аз ҳисоби бозорҳои Осиёи Марказӣ имкони ба таври иловагӣ 440 миллион доллар зиёд кардани содирот мавҷуд аст.

– Як чизро дарк кунед: дар шароити рақобати шадид дар бозорҳои хориҷӣ, вақте барои ҳар як доллар мубориза меравад, барои афзоиши содирот роҳҳалҳои ғайрианъанавӣ заруранд, – изҳор дошт Сарвари давлат.

Дар Озарбойҷон, Гурҷистон, Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон барномаҳои бузурги сохтмони манзилҳо ва иншооти тиҷоратӣ амалӣ мешаванд. Агар Ӯзбекистон дар соҳаи сохтмони манзилӣ ба шарики боэътимоди ин кишварҳо табдил ёбад, ин барои корхонаҳои саноати электроника, нассоҷии хонагӣ ва мебелсозӣ низ имкониятҳои нави содиротӣ фароҳам меорад. Дар ин робита ба масъулон супориш дода шуд, ки дар Боку, Тбилисӣ, Москва, Остона ва Бишкек 3–4 хонаи намунавии каммасрафи энергия бунёд намуда, роуд-шоу баргузор кунанд.

Ҳамчунин масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ дар худи соҳа баррасӣ шуданд. Дар даҳ соли охир ҳаҷми сӯзишвории шартие, ки корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ истифода мебаранд, ду баробар кам шудааст. Танҳо соли гузашта дар натиҷаи гузаронидани аудити энергетикӣ дар 34 корхонаи бузург, ки ба ҳиссаи онҳо 65 фоизи истеъмоли неруи барқ дар соҳа рост меояд, 240 миллион киловатт-соат неруи барқ сарфа гардид.

Қайд шуд, ки ин ҳанӯз кофӣ нест. Ба ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки барномаи васеъмиқёси коҳиш додани истеъмоли энергия дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тавассути навсозии технологии онҳо роҳандозӣ намоянд. Ҳамзамон, ба корхонаҳое, ки печҳои пухтан ва хушккунӣ, осиёбҳо ва дигар таҷҳизоти сермасрафро бо таҷҳизоти каммасрафи энергия иваз мекунанд, 7 фоизи қарзҳои сӯмӣ ва 4 фоизи қарзҳои асъори хориҷӣ ҷуброн карда мешавад.

Таъкид гардид, ки иқтидорҳои дар кишвар таъсисёфта барои истеҳсоли семент, базалт, шиша ва сафолҳои рӯйпӯши девор барои қонеъ кардани эҳтиёҷот то соли 2035 басанда мебошанд. Акнун бояд сармоягузорон на ба зиёд кардани истеҳсоли чунин маҳсулот, балки ба навсозии иқтидорҳои мавҷуда ва лоиҳаҳои дорои арзиши баланди иловашуда ҷалб карда шаванд.

Низоми ҷуброни пурраи тамоми хароҷоти корхонаҳои соҳаи масолеҳи сохтмонӣ вобаста ба гирифтани сертификатҳо ба роҳ монда шудааст. Чунин имконият дар ягон соҳаи дигар вуҷуд надорад. Аммо бинобар набудани пойгоҳи ягонаи маълумот оид ба чунин сертификатҳо, харидорон бештар маҳсулоти хориҷиро интихоб мекунанд, ки дорои сертификатҳои байналмилалӣ буда, аллакай ба онҳо шиносанд.

Ба масъулон супориш дода шуд, ки платформаи электронии масолеҳи сохтмонии дорои сертификатҳои маҳаллӣ ва хориҷиро роҳандозӣ намоянд, инчунин якҷо бо ҳокимони вилоятҳо барои дастрас намудани сертификатҳои байналмилалии сифат ба ҳадди ақал 50 корхонаи соҳа аллакай дар ҳамин сол мусоидат кунанд.

Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи шахсони масъул, инчунин пешниҳод ва ташаббусҳои корхонаҳои соҳа шунида шуданд.