Густариши иқтидорҳои саноатӣ ва афзудани эҳтиёҷоти аҳолӣ дар мамлакат, талаботро ба гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ бештар менамояд. Дар чунин шароит, таъмини устувори бозори дохилӣ бо захираҳои зарурӣ, пешакӣ ба назар гирифтани талаботи мавсимӣ ва роҳ надодан ба болоравии беасоси нархҳо аҳамияти бузург дорад.

Дар муаррифӣ вазъи истихроҷ, воридот, коркард, захирасозӣ ва интиқоли нафту газ ба истеъмолкунандагон баррасӣ шуд. Зарурати дақиқ ҳисоб кардани эҳтиёҷоти шабака ва минтақаҳо, таъмини босуботи талаботи дохилӣ ва риояи қатъии ҷадвалҳои таъминот таъкид гардид.

Корҳое, ки дар Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекнефтегаз» ҷиҳати устувор нигоҳ доштани суръати истихроҷи гази табиӣ, истифодаи босамар аз имкониятҳои конҳои мавҷуда ва сари вақт ба истифода додани чоҳҳои нав амалӣ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Моҳи август ба истифода додани 27 чоҳ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи корҳое, ки дар конҳои «Янги Култак», «Ниёз», «Қоратау», «Марварид» ва «Тегирмон» анҷом ёфтанд, барои истихроҷи 887 ҳазор метри мукааб гази табиии иловагӣ имконият фароҳам мегардад.

Назорати рӯзмарраи равандҳо – аз пармакунии чоҳҳо то пайваст намудани онҳо ба шабакаи интиқоли газ, инчунин, таъмин намудани фаъолияти муттасили таъминоти барқ ва инфрасохтори истеҳсолӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Ба масъалаҳои мунтазам бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои коркарди нафту газ, истифодаи самарабахши иқтидорҳои мавҷуда ва афзунсозии истеҳсоли маҳсулоте, ки дар бозори дохилӣ талаб зиёд аст, диққати махсус дода шуд.

Зарурати сари вақт ва ба ҳаҷми кофӣ ба минтақаҳо расонидани захираҳои карбогидридӣ, пешакӣ ташаккул додани захираҳои зарурӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳои истеҳсолкунанда, интиқолдиҳанда ва фурӯшанда таъкид гардид.

Барои нигоҳ доштани суботи нархҳо таъмини пешниҳоди кофӣ дар бозор, баровардани маҳсулот ба савдои биржавӣ бо назардошти талабот ва кам кардани хароҷоти истеҳсолӣ ва логистикӣ муҳим арзёбӣ шуд. Супориш шуд, ки барои пешгирии ҳолатҳои беасос нигоҳ доштани захираҳо, ба вуҷуд овардани камбуди сунъӣ ва боло бурдани нархҳо назорати муассир ҷорӣ карда шавад.

Дар назди Ҷамъияти саҳомии «Ӯзбекнефтегаз» вазифа гузошта шуд, ки бо мақсади нигоҳ доштани тавозуни талаб ва таклиф дар бозори дохилӣ, роҳ надодан ба қатъшавии таъминоти захираҳои карбогидридӣ ва болоравии беасоси нархҳо, нишондиҳандаҳои пешбинишудаи истихроҷи нафту газро бечунучаро таъмин намояд. Супориш шуд, ки то охири сол ба ҷойи 520 ҳазор тоннаи пешбинишуда, 606 ҳазор тонна гази моеъ истеҳсол карда шавад.

Ба масъулон аз рӯйи таҳлили ҳамарӯзаи эҳтиёҷоти бозори дохилӣ, пешакӣ муайян кардани хавфҳои марбут ба таъминот ва саривақтӣ андешидани чораҳои зарурӣ дастурҳо дода шуд.