Афзоиши шумораи аҳолии кишвар ва зиёд шудани ҷараёни сайёҳон
талабот ба маҳсулоти ғизоиро низ зиёд мекунад. Имрӯз талаботи солона ба гӯшт 2
миллиону 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ҳаҷми истеҳсол тақрибан
1 миллиону 600 ҳазор тонна мебошад.
Дар ин замина, барои солҳои 2026–2028 маҷмӯи тадбирҳо оид
ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ таҳия шудааст. Қайд гардид, ки
бо роҳи барқарорсозии корхонаҳои боздошта, дастгирии ноҳияҳои
махсусгардонидашуда ва сохтани оғилхонаҳои сабук дар хоҷагиҳои аҳолӣ имкон аст
иловатан 190 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол карда шавад.
Аз ҷумла, солимгардонии фаъолияти 103 корхонаи чорводорӣ
ба нақша гирифта шудааст. Пешниҳод гардид, ки қарзҳои онҳо бозсозӣ шуда ё бо муҳлати
то 10 сол ба таври қисм-қисм пардохта шаванд, барои парвариши зироатҳои хӯроки
чорво замин ҷудо гардад ва бо чорвои зотӣ таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нигоҳдории
33 ҳазор сар чорвои калон таъмин шуда, солона 12 ҳазор тонна гӯшт ва 40 ҳазор
тонна шир истеҳсол мегардад.
Дар 13 ноҳияи махсусгардонидашуда истифодаи самараноки 75
ҳазор гектар заминҳои хӯроки чорво, маблағгузории лоиҳаҳои хурд, таъсиси нуқтаҳои
қабули шир ва нуқтаҳои фурӯши хӯроки чорво пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар хоҷагиҳои шахсӣ сохтмони 11 ҳазор оғилхонаҳои
сабук ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо нигоҳдории 421 ҳазор сар чорвои
калон таъмин мегардад.
Дар доираи 802 лоиҳаи нав бо арзиши умумии 3 триллион сӯм
шароит барои нигоҳдории зиёда аз 68 ҳазор сар чорвои калон ва 186 ҳазор сар гӯсфанду
буз фароҳам оварда мешавад. Ин лоиҳаҳо имкон медиҳанд, ки солона 20 ҳазор тонна
гӯшт ва 120 ҳазор тонна шир иловатан истеҳсол гардад.
Ҳамчунин натиҷаҳои таҳлили бо истифодаи зеҳни сунъӣ оид
ба барқарорсозии комплексҳои чорводорӣ дар мисоли Ҷумҳурии Қароқалпоқистон
баррасӣ шуданд. Қарзи 20 комплекс 109,6 миллиард сӯмро ташкил дода, нисфи онҳо
ба гурӯҳи хавфи баланд дохил шудаанд. Дар аксари онҳо камбуди заминҳои хӯроки
чорво ва инфрасохтор мушоҳида мешавад.
Бо дарназардошти ин, пешниҳодҳо оид ба кам кардани
сарбории қарзӣ, ташкили заминаи хӯроки чорво, ба таври марҳилавӣ ба кор даровардани
комплексҳо ва таъмин намудани онҳо бо чорвои зотӣ пешниҳод гардиданд.
Аз Муғулистон воридоти 150 ҳазор сар гӯсфанд, аз Чин ва
кишварҳои аврупоӣ 100 ҳазор сар чорвои зотӣ ва аз Беларус 2 ҳазор сар пешбинӣ
шудааст. Ин иқдом имкон медиҳад,
ки солона 44 ҳазор тонна гӯшт иловатан истеҳсол гардад.
Дар маҷмӯъ барои
рушди соҳаи чорводорӣ 463 миллион доллар маблағ равона карда мешавад.
Ба масъалаҳои
дастгирии хоҷагиҳои шахсӣ ва маҳаллаҳои махсусгардонидашуда таваҷҷуҳи махсус
дода шуд. Дар айни замон 2407 маҳалла дар 191 ноҳия махсусгардонида шуда, дар
онҳо 3,9 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.
Пешниҳод гардид,
ки чунин хоҷагиҳо бо чорвои зотии дастрас таъмин шаванд, бордоркунии сунъӣ
гузаронида шавад, таъминот бо хӯрок ва хизматрасонии ветеринарӣ беҳтар гардад, инчунин
субсидияҳо дода шаванд. Ин тадбирҳо ба зиёд шудани саршумор ва ҳосилнокӣ
мусоидат мекунанд.
Дар соҳаи
чорводории зотӣ таъсиси хоҷагиҳо барои 200 сар чорвои калон дар 13 ноҳия,
гузаронидани бордоркунии сунъии 500 ҳазор сар модагов ва ҷорӣ намудани технологияҳои
кӯчонидани ҷанин пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин пешниҳод оид ба таъсиси Ассотсиатсияи
чорводорони Ӯзбекистон баррасӣ гардид, ки ба ҳифзи манфиатҳои соҳа, рушди ҳамкорӣ
ва навовариҳо машғул мешавад.
Платформаи рақамии «Smart Fermer» низ муаррифӣ шуд, ки
тавассути он фермерон метавонанд чорворо ба қайд гиранд, ветеринар даъват
кунанд, маълумот гиранд ва барои субсидия муроҷиат намоянд.
Дар соҳаи паррандапарварӣ лоиҳаҳо ба маблағи 432 миллион
доллар амалӣ гардида, то соли 2028 истеҳсоли 100 ҳазор тонна гӯшти парранда,
зиёд кардани иқтидори истеҳсоли хӯрок то 3,3 миллион тонна ва тавсеаи системаҳои
муосири забҳ пешбинӣ шудааст.
Роҳбари давлат ба масъулин дастур дод, ки самаранокии иқтисодии
лоиҳаҳоро ҳамаҷониба таҳлил кунанд, маблағҳоро ба таври манзилӣ ва мақсаднок тақсим
кунанд, системаҳои рақамии баҳисобгирӣ ва мониторингро ҷорӣ намоянд ва барои
таъмини таъминоти устувори маҳсулоти босифат ва дастрас ба бозори дохилӣ чораҳо
андешанд.