Дар навбати худ Президент Трамп таъкид намуд, ки муносибатҳои Ӯзбекистону Амрико ба сатҳи бесобиқа расида, байни роҳбарони ду кишвар муколамаи наздик ва бар пояи эътимод роҳандозӣ шудааст.

Пайгирона амалӣ гардидани созишномаҳое, ки дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, бо қаноатмандӣ зикр гардида, дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ баррасӣ карда шуд.

Суръати баланди рушди муколама ва мубодилаҳои дуҷониба, ки қариб тамоми самтҳои ҳамкории мутақобиларо фаро гирифтаанд, баланд арзёбӣ шуд.

Барномаи сесолаи ҳамкориҳои иқтисодӣ пайваста амалӣ мешавад. Ҷамъомади нахустини Шӯрои соҳибкорӣ ва сармоягузории Амрико–Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Ӯзбекистон ва иёлатҳои Амрико густариш меёбад. Ҷорӣ гардидани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони ИМА низ ба фаъол гардидани робитаҳои соҳибкорӣ мусоидат мекунад.

Дар соҳаҳои авиатсияи шаҳрвандӣ, автомобилсозӣ, саноати кӯҳу маъдан, инфрасохтор, энергетика, металлургия, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ ва дигар бахшҳо лоиҳаҳои муштарак амалӣ мешаванд.

Зимни баррасии масъалаҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид гардид, ки идомаи саъю талошҳо барои таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва бо роҳи сулҳ ҳал намудани низоъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аҳамияти калон дорад.

Роҳбарон нақшаи чорабиниҳои минбаъдаи дуҷониба ва бисёрҷонибаро низ баррасӣ карданд.

Дар поёни суҳбат Президент Шавкат Мирзиёев аз Президент Доналд Трамп даъват кард, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ аз мамлакати мо боздид намояд.