Заминаи муҳими татбиқи лоиҳа қарори Сарвари давлат аз 28 марти соли 2025 гардид, ки ба рушди шабакаи неругоҳҳои микрообӣ дар минтақаҳо равона шудааст. Дар доираи иҷрои он корхонаи «Андижон Жинлун янги энергия» таъсис дода мешавад.

Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дорои минтақаҳои васеи кӯҳӣ ва захираҳои обӣ мебошанд, чунин таҷҳизот махсусан мавриди талабот қарор дорад. Аммо то имрӯз дар минтақа корхонаҳои махсусе, ки тавонанд чунин таҷҳизотро дар ҳаҷми саноатӣ истеҳсол кунанд, кам буданд. Лоиҳаи нав барои қонеъ намудани ин талабот равона шудааст.

Захираҳои фаровони обии вилояти Андиҷон барои рушди энергетикаи сабз имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Аз ҷумла, маҷрои устувори Канали калони Фарғона барои сохтмони неругоҳҳои микро ва хурди барқи обӣ мусоид арзёбӣ мешавад.

Арзиши умумии лоиҳа, ки пурра аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ амалӣ мегардад, 20 миллион долларро ташкил медиҳад. Соли 2027 корхона ба иқтидори пурраи истеҳсолӣ мебарояд. Пас аз ин дар ин ҷо ҳамасола 100 маҷмааи неругоҳҳои хурди барқи обӣ бо арзиши умумии 70 миллиард сӯм, инчунин таҷҳизот барои энергетикаи микрообӣ, дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти электротехникӣ истеҳсол карда мешаванд.

Дар пасманзари афзоиши талаботи ҷаҳонӣ ба энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда, неругоҳҳои хурд ва микрообӣ бештар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд ва яке аз роҳҳои самаранок ба ҳисоб мераванд. Бартариҳои онҳо таъсири ҳадди ақал ба муҳити зист, муҳлати кӯтоҳи сохтмон ва истеҳсоли устувори неруи барқ мебошанд.

Дар доираи лоиҳа 200 ҷойи нави корӣ таъсис дода мешавад. Нақша аст, ки маҳсулоти корхона ба Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон содир шуда, ҳаҷми солонаи содирот то 3 миллион доллар расонида шавад.

Ғайр аз ин, корхона ният дорад дар вилояти Андиҷон як қатор неругоҳҳои микрообӣ бунёд кунад. Ин имкон медиҳад, ки аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқи дастрас, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва устувор таъмин карда шаванд.