Зимни мулоқот дурнамои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ байни ду давлат баррасӣ гардиданд.

Дар оғози вохӯрӣ Сарвари давлати мо таъкид намуд, ки ин ҳамоиши сатҳи олӣ, ки дар таърихи муносибатҳои Ӯзбекистон ва Албания бори аввал баргузор мегардад, дорои аҳамияти хоса буда, метавонад ҳамкориҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав барорад.

Фаъол шудани муколамаи сиёсӣ ва равобит дар сатҳҳои гуногун бо қаноатмандӣ зикр гардид. Ҷонибҳо дар доираи СММ ва дигар сохторҳои байналмилалӣ ҳамдигарро пайваста дастгирӣ мекунанд.

Ба масъалаҳои густариши гардиши мол, таҳияи барномаи густурдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маҷмааи агросаноатӣ, энергетикаи «сабз», геология, технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои муҳим диққати махсус зоҳир карда шуд.

Имконияти истифодаи бандари Дурреси Албания ҳамчун маркази логистикӣ барои баровардани маҳсулоти Ӯзбекистон ба бозорҳои Аврупои Ҷанубӣ ва баҳри Миёназамин мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Ҳамчунин аҳамияти тавсеаи заминаҳои ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ махсус таъкид шуд.

Бо мақсади пешбурди рӯзномаи иқтисодии ҳамкорӣ ҷонибҳо аз рӯйи таъсиси Комиссияи байниҳукуматӣ ва соли ҷорӣ дар шаҳри Тошканд гузаронидани нахустин ҷамъомади он ба мувофиқа расиданд.

Дар соҳаи фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҷонибҳо баргузории Рӯзҳои фарҳанг, намоиши филмҳо, намоишгоҳ ва сафарҳои эҷодиро муҳим арзёбӣ карданд.

Роҳбарон аз рӯйи масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ низ мубодилаи афкор намуданд.