Вилояти Фарғона бо анъанаҳои ғанӣ дар футбол ва муштзанҳои боистеъдоди худ машҳур аст.
Аз ҷумла, клуби футболи “Нефтчӣ”, ки соли 1962 ташкил шудааст, 6 маротиба чемпиони Суперлигаи Ӯзбекистон, 2 карат барандаи Ҷоми мамлакат ва 1 маротиба соҳиби Суперҷом гардидааст. Инчунин, даста соли 1994 ғолиби зинаи ниҳоии мусобиқоти Ҷоми ИДМ гардида, солҳои 1994–1995 дар Лигаи чемпионҳои Осиё соҳиби медалҳои биринҷӣ шудааст.
Имрӯз ҳам дар минтақа барои интихоб ва омода кардани футболбозони ҷавони боистеъдод, инчунин ташаккули захираи мураббиёни ботаҷриба корҳои бонизом анҷом дода мешаванд.
Бахусус, дар натиҷаи чораҳое, ки ба рушди академияҳои клубҳои касбии футбол нигаронида шудаанд, соли 2025 Академияи футболи бачагонаи “Нефтчӣ” таъсис ёфт.
Академия дар масоҳати зиёда аз 4,5 гектар ҷойгир буда, барои беш аз 150 нафар наврасону ҷавонон пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо 6 майдони хурду калони футбол, шуъбаи физиотерапия, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва офият ҷиҳозонида шудаанд, фаъолият доранд.
Дар академия пойгаҷо(манеж)-и пӯшидаи футбол бо рӯйпӯши сунъӣ ва гумбази ҳавоӣ ба маблағи 1,1 миллион доллар бунёд шудааст.
Бо мақсади ба сатҳи андозаҳои ҷаҳонӣ расонидани муҳити футболӣ дар вилоят ва дарёфти ҷавонони боистеъдод, мураббиёни UEFA ва мутахассисони дигари байналмилалӣ ҷалб шудаанд.
Президент шароити барои футболбозон фароҳамшударо аз назар гузаронд. Бо ҷавонон суҳбат намуда, машғулоти онҳоро тамошо кард.