Минниханов қайд кард, ки барои иштирок дар намоишгоҳ ҳайати намояндагии калон аз Тотористон ба Ӯзбекистон омадааст. Ба гуфтаи ӯ, ин чорабинӣ ҳамчун майдони муҳими таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама бо Ӯзбекистон, арзёбӣ мешавад.
Ӯ инчунин сатҳи баланд ва динамикаи мусбати ҳамкорӣ бо шарикони ӯзбекистонӣ, аз ҷумла густариши фаъолияти корхонаҳои нафту мошинсозӣ ва муассисаҳои тиббии Тотористонро таъкид намуд.
Дар навбати худ, Арипов барои иштироки фаъолонаи ҳайати Тотористон изҳори сипос намуда, саҳми Миннихановро дар рушди ҳамкорӣ махсус қайд кард.
Сарвазир инчунин зикр кард, ки иштироки соҳибкорони ҷавон ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва манфиати мутақобили иқтисодӣ мусоидат мекунад. Ӯ ҳамчунин аз лоиҳаҳои муштарак дар Ҷиззах ва Чирчиқ ёдовар шуд, ки дар минтақаи дуюми саноатӣ аллакай 28 корхона фаъолият доранд.
Минниханов дар навбати худ ҷониби Ӯзбекистонро барои иштирок дар форуми байналмилалии иқтисодии «Русия – ҷаҳони ислом: ҚазонФорум» даъват намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ тасдиқ карданд.