Дар канали Ҷуйзор аллакай 9 километр қитъа бетонӣ карда
шудааст ва корҳои бетонӣ дар 10 километри дигар идома доранд. Татбиқи ин лоиҳа
имкон медиҳад, ки ҳамасола тақрибан 12 миллион метри мукааб об сарфа карда
шавад. Дар наздикии канал аллакай хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият мекунад.
Дар
маҳаллаи «Шайхонча» кӯдакистони муосир бо иқтидори 240 ҷой сохта шудааст.
Зимни
сафар ҳамчунин лоиҳаҳои нави сайёҳӣ баррасӣ шуданд. Дар байни онҳо маҷмааи сайёҳии
«Афшона», хонаҳои этнографӣ, барқарорсозии канали Ҷӯйи Мулиён, сохтмони меҳмонхонаҳо
ва таъсиси кластери сайёҳӣ дар ҳудуди фурудгоҳи нави Бухоро қарор доранд.
таъкид
кард: «Мақсад
— ҳамасола ҷалби 10 миллион нафар, то ки Бухоро барои онҳо, на
танҳо нуқтаи транзитӣ балки сафари комил
барои онҳо табдил ёбад», — таъкид кард Саида
Мирзиёева.
Дар
анҷоми сафар роҳбари Администратсияи Президент аз
зиёратгоҳҳои «ҳафт пир»-и Бухоро дидан кард.