Тавре
роҳбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева таъкид намуд,
ин рӯйдод барои кишвар аҳамияти махсус дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин аввалин
номинатсияи миллии Ӯзбекистон мебошад, ки дар давоми 25 соли охир чунин мақоми
баланди байналмилалиро соҳиб гардид.
«Ин эътирофи арзиши на танҳо биноҳои алоҳида,
балки як давраи пурраи таърихист, ки пас аз заминларза симои нави шаҳри
Тошкандро офарид. Дар он меъмории муосир, анъанаҳои Осиёи Марказӣ ва хусусиятҳои
иқлими кишвари мо ба таври ҳамоҳанг муттаҳид шудаанд.
Ин
пирӯзии бузург барои Ӯзбекистон ва қадами муҳиме дар роҳи ҳифзи мероси меъмории
мо барои наслҳои оянда мебошад», -- қайд намуд Саида
Мирзиёева.