Хусусан дастаи мардонаи кишвар бо муваффақият баромад карда, бори дигар миёни дастаҳои мардонаи мусобиқа беҳтарин дониста шуд. Дар ҳисоби он 3 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ ҷой гирифт.

Дар ҳисоби умумии даставӣ мунтахаби Чин бо 5 медали тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ҷойи аввалро ишғол кард. Дастаи Қазоқистон бо 5 медали тилло ва 3 биринҷӣ дуюм шуд. Мунтахаби Ӯзбекистон бо 4 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ сегонаи беҳтаринҳоро ҷамъбаст намуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони мунтахаби Ӯзбекистон:

Медалҳои тилло:

то 60 кг — Абдумалик Ҳалоков;

то 90 кг — Тӯрабек Ҳабибуллаев;

то 80 кг — Ҷавоҳир Умматалиев;

то 57 кг — Нигина Уктамова.

Медалҳои нуқра:

то 50 кг — Асилбек Ҷалилов;

то 48 кг — Фарзона Фозилова;

зиёда аз 80 кг — Олтиной Сотимбоева.

Медалҳои биринҷӣ:

то 85 кг — Акмалҷон Исроилов;

зиёда аз 90 кг — Арман Маханов;

то 60 кг — Ситора Турдибекова;

то 75 кг — Азиза Закирова.