Дар ҷараёни мулоқот корҳои мунтазаме, ки дар Ӯзбекистон
барои рушди вазнабардорӣ, баланд бардоштани маъруфияти ин навъи варзиш,
дастгирии ҷавонони боистеъдод ва омода намудани варзишгарони соҳибихтисос амалӣ
мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки дар солҳои охир шумораи машғулони ин
навъи варзиш пайваста афзоиш ёфта, дастовардҳои баланди варзишгарони Ӯзбекистон
дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ натиҷаи амалии ислоҳот дар соҳаи варзиш
мебошанд.
Фаъолияти Федератсияи байналмилалии вазнабардорӣ дар
самти рушди ин намуди варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими принсипҳои рақобати
одилона, такмили механизмҳои мубориза бо допинг ва таъмини баробарии гендерӣ баҳои
баланд гирифт.
Ҳамчунин, ҳамкории самараноки Федератсияҳои байналмилалӣ
ва осиёии вазнабардорӣ бо Ӯзбекистон, саҳми онҳо дар рушди ин навъи варзиш дар
кишвар ва ташкили мусобиқаҳои байналмилалӣ дар сатҳи баланд махсус қайд карда
шуд.
Дар рафти суҳбат ба аҳамияти баргузории чемпионати Осиё оид ба вазнабардорӣ,
ки аз 7 то 14 августи соли ҷорӣ
дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, инчунин ҷаласаи Кумитаи иҷроияи
Федератсияи осиёии вазнабардорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Зикр шуд, ки ин чорабиниҳои бонуфуз ба густариши
минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи варзиш, ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти
солим ва варзиш, табодули таҷриба ва таҳкими нуфузи Ӯзбекистон дар арсаи
байналмилалии варзиш мусоидат хоҳанд кард.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон
ва Федератсияҳои байналмилалӣ ва осиёии вазнабардорӣ, идомаи пайгиронаи талошҳои
муштарак барои баргузории мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ва тарғиби ҳарчи
бештари вазнабардорӣ дар кишвар мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар доираи мулоқот ба президенти Федератсияи
байналмилалии вазнабардорӣ Муҳаммад Ҷалуд
ал-Шаммарӣ шаҳодатномаи мақоми «Шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» дар вазъияти
тантанавӣ супурда шуд.
Меҳмонон инчунин дар Китоби меҳмонони фахрии Сенат соядаст гузоштанд.