Дар ин мулоқот директори Агентии «Ӯзбеккосмос» Шӯҳрат Қодиров низ иштирок кард.

Дар доираи чорабинӣ Озарбойҷон, Қазоқистон, Туркия ва Ӯзбекистон «Созишномаи ибтидоӣ дар соҳаи саноати кайҳонӣ оид ба рушди иқтидори ҳамкорӣ дар доираи Созмони давлатҳои турк»-ро ба имзо расониданд.

Тавре Агентии «Ӯзбеккосмос» хабар медиҳад, ин санад дар самти таҳкими ҳамкориҳои институтсионалӣ байни давлатҳои узви Созмони давлатҳои турк дар чунин самтҳо, аз қабили технологияҳои кайҳонӣ, таҳияи моҳвораҳо, таҳқиқоти илмӣ, ҳамкориҳои саноатӣ ва рушди иқтидори муштарак қадами муҳим ба шумор меравад.