Тавре Report хабар медиҳад, раҳбари Амрико дар ин бора
дар мусоҳиба бо рӯзноманигори шабакаи телевизионии Fox News Лора Ингрэм изҳори
назар кардааст.
«Ин бояд фавран пас аз интихобот ба анҷом расад, — гуфт
Трамп. — Шояд он ҳатто пеш аз интихобот ба анҷом расад, аммо ман фикр мекунам,
ки ин фавран пас аз он рӯй медиҳад».
Ҳамзамон, раҳбари Кохи Сафед таъкид кардааст, ки аз
тасмими оғози амалиёти низомӣ алайҳи Эрон пушаймон нест.
Трамп дар посух
ба саволи дахлдор гуфт: «Не. Ман ба калимаи “пушаймонӣ” бовар надорам. Агар
маҷбур мешудам, ки ин корро дубора анҷом диҳам, маҳз ҳамин тавр амал мекардам».
Ёдовар мешавем,
ки интихоботи миёнамӯҳлати Конгресс рӯзи 3 ноябр баргузор мешавад. Дар ин
интихобот 33 нафар аз 100 узви Сенат ва ҳамаи 435 узви Палатаи намояндагон
дубора интихоб карда мешаванд.