Қаблан вазифа гузошта шуда буд, ки дар 14 ноҳияе, ки аз ҳар як минтақа хоста гирифта шудааст, низоми намунавӣ таъсис дода шавад. Бо ин мақсад корҳо дар сатҳи маҳаллаҳо ба роҳ монда шуда, мушкилоти соҳаи энергетика омӯхта ва бо рафтан ба ҷойи ҳодиса барои ҳалли онҳо чораҳои мушаххас андешида шуданд.
Дар доираи корҳои анҷомдодашуда 916 маҳалла, 832 ҳазор хонавода, 49 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ва беш аз 2,2 ҳазор объекти соҳаи иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд. Барои ҳар як маҳалла шиносномаи энергетикӣ ва тавозуни талабот ба захираҳои энергетикӣ таҳия гардид.
Дар натиҷа, бори аввал дар буриш қисмати маҳаллаҳо фарқияти дақиқ байни талаботи мавҷуда ва имкониятҳои мавҷуда ҳисоб карда шуд. Аз ҷумла, дар 265 маҳалла норасоии иқтидори барқ ба ҳаҷми 60 мегаватт ва дар 42 маҳалла норасоии гази табиӣ ба ҳаҷми 47 миллион метри мукааб дар як сол муайян гардид. Ҳамзамон, дар 207 маҳалла захираи иқтидор мавҷуд аст.
Ин усул имкон медиҳад, ки талаботи оянда ба захираҳои энергетикӣ пешакӣ ҳисоб карда шуда, инфрасохтори зарурӣ сари вақт омода карда шавад.
Дар ин замина навсозии шабакаҳои барқ ва газ суръат гирифт. Муайян карда шуд, ки дар 14 ноҳия таъмири 5 ҳазору 695 трансформатор, 6,9 ҳазор километр шабакаҳои барқӣ ва 242 километр шабакаҳои газ, инчунин 404 дастгоҳи тақсимоти газ зарур аст. Барои беҳтар кардани ҳолати техникии онҳо ва ба категорияи «сабз» гузаронидан корҳои амалӣ оғоз гардиданд.
То имрӯз 441 трансформатор, 1 ҳазору 134 километр шабакаҳои барқӣ ва 88 километр шабакаҳои газ, инчунин 92 дастгоҳи тақсимоти газ таъмир карда шудаанд.
Ғайр аз ин, як қисми объектҳое, ки корҳои сохтмониашон солҳои қаблӣ дар доираи барномаҳои сармоягузорӣ оғоз гардида, вале ба анҷом нарасида буданд, ба истифода дода шуданд.
Тибқи ҳисобҳо, дар панҷ соли наздик талабот ба захираҳои энергетикӣ дар ин ноҳияҳо 49 фоиз зиёд мешавад. Бо назардошти ин ва лоиҳаҳои ояндадор барномаи панҷсола таҳия шудааст, ки ба таъмини боэътимод ва мунтазами аҳолӣ ва соҳибкорон бо захираҳои энергетикӣ равона шудааст.
Дар доираи барнома навсозии 2 ҳазору 261 трансформатор ва 7 ҳазору 449 километр шабакаҳои барқӣ дар 721 маҳалла, инчунин 313 дастгоҳи тақсимоти газ ва 327 километр шабакаҳои газ дар 200 маҳалла пешбинӣ шудааст.
Татбиқи ин чораҳо имкон медиҳад, ки дар минтақаҳо иқтидорҳои иловагии интиқолӣ ба ҳаҷми 1 ҳазору 300 мегаватт ба вуҷуд оварда шаванд.
Ҳамчунин, истеъмоли энергия дар объектҳои соҳаи иҷтимоӣ омӯхта шуд. Дар 1 ҳазору 938 объект масрафи захираҳои энергетикӣ таҳлил гардида, 226 объекти дорои нишондиҳандаҳои пасти самаранокӣ ба категорияи «сурх» дохил карда шуданд. Барои гузаронидани онҳо ба низомҳои каммасрафи энергия барнома таҳия шуда, корҳои амалӣ оғоз гардиданд.
Татбиқи чораҳои пешбинишуда имкон медиҳад, ки ҳамасола 4,3 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ва 2,1 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда шавад.
Роҳбари давлат таъкид намуд, ки набояд танҳо бо усули дар 14 ноҳия татбиқшуда маҳдуд шуд, балки онро дар ҳамаи ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ кард.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки дар ҳамаи минтақаҳо корҳоро дар сатҳи маҳаллаҳо ташкил намуда, шиносномаҳои энергетикӣ ва тавозуни истеъмоли энергияро таҳия кунанд, ҳолати шабакаҳоро ба таври мушаххас омӯзанд ва мушкилоти ошкоршударо марҳила ба марҳила бартараф намоянд.
Ҳадаф аз ин иборат аст, ки дар соҳаи энергетика аз таҷрибаи «бартараф камрдани мушкилот пас аз пайдо шудани он» ба низоме гузарем, ки ошкор намудани мушкилотро пешакӣ, банақшагирии чораҳои зарурӣ ва пешгирии онҳоро пешбинӣ мекунад.
Дар ҷаласа инчунин суръат бахшидан ба лоиҳаҳои интиқоли шабакаҳои барқи минтақавӣ дар вилояти Самарқанд ба идоракунии сармоягузорони хориҷӣ ва сохтмони хатти баландшиддати Сурхон-Пули-Хумрӣ баррасӣ шуданд.