Ин комиссия, ки соли 1992 дар Вена таъсис ёфтааст, 40
давлати аъзоро муттаҳид мекунад ва барои таҳияи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи
адлияи ҷиноӣ, ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, коррупсия
ва ҷиноятҳои киберӣ фаъолият мебарад.
Ӯзбекистон бори аввал ба ҳайати ин ниҳод аз гурӯҳи Осиё
ва Уқёнуси Ором дар баробари кишварҳое чун Чин,
Ҷопон ва Арабистони
Саудӣ шомил гардид.
Интихоби Ӯзбекистон нишонаи эътирофи байналмилалии ислоҳот
дар самти волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон ва навсозии низоми судӣ-ҳуқуқӣ
мебошад.
Ин узвият барои иштирок дар таҳияи стандартҳои
байналмилалӣ, густариши ҳамкорӣ ва муаррифии таҷрибаи миллӣ имкониятҳои иловагӣ
фароҳам меорад.
Ӯзбекистон ният дорад дар фаъолияти Комиссия фаъолона
иштирок намуда, барои рушди ҳамкории байналмилалӣ, пешбурди сиёсати инсондӯстона
дар соҳаи ҷиноят ва таҳкими талошҳои ҷаҳонӣ дар самти пешгирии ҷинояткорӣ саҳм
гузорад, хабар медиҳад ВКХ Ӯзбекистон.