«Аз минбари ин созмон ман дар бораи мавқеи Ӯзбекистон дар ҷаҳоне сухан гуфтам, ки дар он низоъҳо рӯ ба афзоиш буда, эътимод рӯз ба рӯз камтар мешавад.

Интихоби мо равшан аст — кушодагӣ, ҳамсоягии нек ва муколама. Мо ҷонибдори сулҳ, ҳамкорӣ ва эҳтироми шаъну шарафи инсон ҳастем.

Дар бораи тағйирот дар Осиёи Марказӣ, ислоҳот дар Ӯзбекистон, масъалаҳои экологӣ ва фоҷиаи Арал, рушди зеҳни сунъӣ, волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон ҳарф задам.

Имрӯз ҳеҷ як кишвар наметавонад мушкилоти глобалиро танҳо ҳал кунад. Ӯзбекистон омода аст саҳми худро дар бунёди сулҳе гузорад, ки бар пояи эътимод ва эҳтироми мутақобил асос ёфтааст», — таъкид кард Саида Мирзиёева.