Аз ҷумла, муовини ҳокими ноҳияи Когони вилояти Бухоро аз ҷониби
кормандони Хадамоти давлатии амният ва мақомоти прокуратура ҳангоми гирифтани
12 ҳазор доллари ИМА пора, ки бо роҳи тамаъҷӯӣ ва истифода аз мақоми хидматӣ ба
даст оварда шудааст, дар ҳолати ҷиноят дастгир шуд.
Тибқи маълумоти тафтишот, як фермер, ки бар асоси шартнома
дар ноҳияи Бухоро ба кишоварзӣ машғул аст, ба мансабдор муроҷиат карда, хоҳиш
намудааст, ки барои таъмини об ба заминҳои кишт дар ҳудуди «Қум Султон»
мусоидат кунад, зеро интиқоли об тавассути ҳудуди ноҳияи Когон қатъ карда шуда
буд.
Аммо мансабдор ваъда додааст, ки масъалаи таъмини обро ҳал
намуда, дар оянда низ пеши чунин мушкилотро мегирад ва барои ин 15 ҳазор
доллари ИМА талаб кардааст.
Айни замон нисбат ба муовини ҳоким тибқи қисми 2 моддаи
210 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз
гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар шакли ҳабс татбиқ шудааст.
Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки дар бораи чунин қонуншиканиҳо
тавассути рақами кӯтоҳи 1520-и ХДБ хабар диҳанд. Махфияти муроҷиаткунандагон кафолат
дода мешавад.