Ин
чорабинӣ ба муаррифии васеи имкониятҳои нодири туризми гастрономии минтақаи
назди Арал дар сатҳи байналмилалӣ, зиёд намудани шумораи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
дар Қароқалпоқистон
ва инчунин афзоиши шумораи сайёҳони дохилию хориҷӣ равона гардидааст.
Фестивал
аз соли 2017 ба таври мунтазам баргузор мешавад. Дар доираи фестивали имсола тақрибан
50 ошпази соҳибтаҷриба иштирок намуда, беҳтарин ва нодиртарин таомҳоро аз маҳсулоти
моҳӣ, ки барои минтақаи Арал хосанд, пешниҳод карданд.
Меҳмонон
имконият пайдо карданд, ки на танҳо раванди омода намудани 99 навъи гуногуни
таомҳои моҳиро — аз моҳии бирён ва дампаз то шӯрбоҳои машҳур ва дигар хӯрокҳои
миллӣ тамошо кунанд, балки онҳоро
бичашанд. Дар анҷоми фестивал маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон баргузор гардид.
Фестивали гастрономии «99 таом аз моҳии Арал» на танҳо ҷашни таомҳои
болаззат, балки инъикоси равшани табиати эҳёшавандаи минтақаи назди Арал,
мероси ғании фарҳангӣ ва анъанаҳои меҳмондӯстии он мебошад.