Тибқи маълумоти мақомоти дахлдор, дар натиҷаи заминларза 132 нафар ба ҳалокат расида, 570 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд, хабар медиҳад РИА Новости.

Вазъият дар шаҳри Перейра ва дигар ноҳияҳои минтақаи қаҳвапарварӣ, инчунин дар департаментҳои Валле-дел-Каука ва Чоко мураккаб арзёбӣ мешавад.

Дар пайи офати табиӣ 1 ҳазору 575 бинои истиқоматӣ осеб дида, 37 адади онҳо пурра хароб шудаанд. Ҳамчунин 18 муассисаи тиббӣ, 52 иншооти таълимӣ, 18 қитъаи роҳ ва ҳафт фурудгоҳ осеб дидаанд.

Мақомоти Колумбия ҳолати офати табиии миқёси миллӣ эълон кардаанд. Дар 32 шаҳр сатҳи сурхи ҳушдор ҷорӣ шудааст.