Аз ҷумла, дар шаҳри Тошканд марди соли таваллудаш 1985, ки қаблан маҳкум шуда буд, боздошт гардид. Ӯ ба шаш нафар сокини вилояти Қашқадарё ваъда додааст, ки онҳоро дар Словакия бо кор таъмин мекунад. Барои хидзматрасонии худ ӯ 145 миллион сӯм талаб карда, ҳангоми гирифтани 85 миллион сӯм ҳамчун пешпардохт аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо далели ҷиноят боздошт шуд.

Дар ҳолати дигар, роҳбари як ширкати пойтахтӣ, ки ба расмикунонии раводид машғул аст, бо роҳи фиреб аз шаҳрванди соли таваллудаш 2002 маблағи 4 ҳазор доллари ИМА гирифтааст. Ӯ ваъда додааст, ки шаҳрвандро дар Олмон бо кор таъмин мекунад. Мард ҳангоми гирифтани маблағ боздошт гардид.

Ҳодисаи дигари ба ин монанд дар вилояти Тошканд ошкор шуд. Сокини ноҳияи Зангиота, соли таваллудаш 1993, ба як сокини Ангрен ваъда додааст, ки ӯро дар Кореяи Ҷанубӣ бо кор таъмин намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро омода мекунад. Барои хидматрасонии худ ӯ 5 900 доллари ИМА гирифта, сипас аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.

Аз рӯи ҳамаи ин ҳолатҳо тибқи моддаи 168 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (қаллобӣ) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидаанд. Айни ҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад.