Дар замима пойгоҳи ягонаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулгарии Ӯзбекистон дар хориҷ ташкил шудааст. Истифодабарандагон метавонанд маълумоти навтаринро дар бораи суроға, рақамҳои тамос ва ҷойгиршавии сафоратхонаҳо ва консулгариҳо дастрас намоянд, инчунин муайян кунанд, ки кишвари ё минтақаи иқомати онҳо ба кадом ҳавзаи консулӣ тааллуқ дорад, хабар медиҳад АИ "Дунё".

Дар марҳилаи аввал тавассути замима чунин хидматрасониҳо дастрасанд: гирифтани шаҳодатномаи бозгашт ба Ӯзбекистон ва ба қайди муваққатӣ ё доимии консулӣ гузоштан. Дар оянда рӯйхати хидматрасониҳои электронӣ тадриҷан васеъ карда мешавад.

Яке аз хусусиятҳои муҳими ин платформа низоми пуркунии автоматии варақаҳо ва аризаҳо мебошад. Бо ҷорӣ намудани технологияҳои муосири рақамӣ тақрибан 80 дарсади маълумоти ҳатмӣ ба таври худкор ворид карда мешавад, ки вақти расмикунонии ҳуҷҷатҳоро хеле кам намуда, раванди пешниҳоди муроҷиатҳоро осон мегардонад.

Илова бар ин, дар замима бахши иттилоотӣ оид ба талаботи раводиди кишварҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Ӯзбекистон фаъол аст. Айни ҳол ин хидматрасонӣ дар ҳолати озмоишӣ қарор дошта, мунтазам бо маълумоти нав пурра карда мешавад.

Барнома ройгон пешниҳод карда мешавад. Шумо метавонед онро аз истинодҳои расмии зерин зеркашӣ кунед:

 Google Play (Android):

https://play.google.com/store/apps/details?id=consular_services_uzb.org&hl=ru

App Store (iOS): https://apps.apple.com/us/developer/mfa-uz/id1818537775