Тибқи барномаи сафар, дар шаҳри Минск музокироти сатҳи олӣ
баргузор хоҳад шуд.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои густариши минбаъдаи
муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Беларус баррасӣ хоҳанд гардид.
Масъалаҳои афзоиши гардиши мутақобилаи мол, амиқтар
намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, мошинсозӣ, дорусозӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ
ва дигар бахшҳои саноат дар маркази таваҷҷуҳ қарор хоҳанд дошт.
Ҳамчунин ба тавсеаи барномаҳои табодули фарҳангӣ ва
гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Аз рӯ натиҷаҳои нишаст қабули бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои
дуҷониба дар самтҳои афзалиятнок ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки дар арафаи ин сафар дар шаҳри Минск Форуми сеюми байниминтақавӣ бо
иштироки ҳайатҳои минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории ҳар ду кишвар баргузор
мегардад.