Ин мувофиқа дар ҷараёни мулоқоти муовини вазири нақлиёти Ӯзбекистон Ҷасурбек Чориев бо директори амалиётии ширкат капитан Маҷид Ал-Марзуки ба даст омад.
Музокирот дар дафтари марказии ширкати ҳавопаймоии Etihad Airways баргузор гардид, ки дар он ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамлу нақли ҳавоӣ миёни Ӯзбекистон ва Аморати Муттаҳидаи Арабро баррасӣ карданд.
Ба масъалаҳои оғоз намудани парвозҳои мунтазам аз ҷониби Etihad Airways ва марҳила ба марҳила васеъ намудани шабакаи хатсайрҳои ҳавопаймоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дар натиҷаи мулоқот мувофиқа ҳосил шуд, ки парвозҳои мунтазам дар хатсайри «Тошканд – Абу-Даби – Тошканд» аз 17 август оғоз карда мешаванд.
Барқарор гардидани парвозҳои мустақим байни пойтахтҳои Ӯзбекистон ва АМА ба мусофирон имкон медиҳад, ки аз шабакаи васеи хатсайрҳои Etihad Airways истифода бурда, ба зиёда аз 70 самти байналмилалӣ дар Аврупо, Осиё, Австралия, Африқо ва Амрикои Шимолӣ бо пайвастҳои қулай тавассути Абу-Даби сафар намоянд.
Дар натиҷаи музокирот ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаи авиатсияи гражданӣ изҳор доштанд.