Аммо ба далели тӯл кашидани раванди фурӯши амволи шахсони гунаҳкор, ки ба ҳабс гирифта шуда буд, то имрӯз танҳо 20 дарсади маблағи мазкур — 16,8 миллиард сӯм пардохт гардида буд. Қисми боқимондаи ҷубронпулӣ чанд сол боз пардохт нашуда буд.
Бо назардошти ин ҳолат, Президент дастур дод, ки барои пурра ҷуброн намудани зарари моддӣ ва маънавии ба оилаҳои зарардида расонидашуда чораҳо андешида шаванд.
Тавре ки дар Вазорати тандурустӣ хабар доданд, бо ин мақсад аз буҷети давлатӣ 65,2 миллиард сӯм ҷудо карда шуд. Ҳамин тариқ, то имрӯз ба 88 оилаи зарардида дар маҷмӯъ 80 миллиард сӯм ҷубронпулӣ пардохт гардидааст. Аз ин маблағ 72,2 миллиард сӯм ба оилаҳои 72 кӯдаки фавтида ва 7,8 миллиард сӯм ба оилаҳои 16 кӯдаке, ки табобат гирифтаанд ё ҳоло таҳти табобат қарор доранд, дода шудааст.
Пас аз ҳалли масъалаҳои техникии марбут ба кортҳои бонкӣ, 2 миллиард сӯми боқимонда пурра ба оилаҳои боз ду кӯдаки дигар пардохт карда мешавад.
Маблағи 65,2 миллиард сӯме, ки аз буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст, минбаъд аз ҳисоби маблағҳои аз фурӯши амволи шахсони гунаҳкор бадастомада ва маблағҳои аз онҳо рӯёнидашуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
Дар айни замон намояндагони Вазорати тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои давлатӣ ҳамроҳ бо табибони марказҳои тиббии ҷумҳуриявӣ ба аёдати оилаҳои зарардида рафта, барои расонидани кумаки иловагии зарурии тиббӣ ва равонӣ ба кӯдакон чораҳо меандешанд.