Сарвари давлат зимни суханронӣ таъкид кард, ки солҳои
охир дар мамлакат тамоюли «На халқ ба идораҳои давлатӣ, балки идораҳои давлатӣ
бояд ба халқ хидмат кунанд» ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудааст. Дар меҳвари
ислоҳот мақсади арҷгузорӣ ба қадри инсон ва фароҳам овардани шароити муносиб
барои шаҳрвандон ва соҳибкорон қарор дорад.
Тавре зикр гардид, бидуни идоракунии самарабахши давлатӣ
дар ҳеҷ як соҳа ба натиҷаи дилхоҳ наметавон ноил шуд. Ҳар як шаҳрванд аз рӯйи
тағйироти мусбате, ки дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос менамояд, фаъолияти давлатро
арзёбӣ менамояд. Аз ин рӯ, ниҳодҳои идоракунӣ бояд мушкилоти мардумро саривақтӣ,
одилона ва бонизом ҳал намоянд.
Таъкид шуд, ки коғазбозии зиёдатӣ ва бюрократия
метавонанд самарадории ислоҳотро коҳиш дода, боварии аҳолиро ба давлат суст
намояд. Бинобар ин, ба ҷорӣ намудани равишҳои нав ва пешрафта дар идоракунии
давлатӣ диққати махсус дода мешавад.
Дар ин самт ҳамкорӣ бо Аморати Муттаҳидаи Араб мавқеи муҳим
дорад. Солҳои охир шарикии миёни ду кишвар дар соҳаи идоракунии давлатӣ ба марҳилаи
нав баромад. Моҳи ноябри соли гузашта форумҳои байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ
ва бартараф кардани бюрократия якҷоя ва дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҷиҳати
табодули таҷрибаи пешрафта дар соҳаи идоракунии давлатӣ созишномаи ҳамкорӣ ба
имзо расид.
Барномаи «Идоракунии босифати давлатӣ» ҳамчун натиҷаи
амалии ҳамин ҳамкорӣ арзёбӣ гардид.
Президентамон таъкид намуд, ки ин барномаи мазкур барои
арзёбии холисонаи фаъолияти идораҳои давлатӣ, муайян кардани ҷиҳатҳои қавӣ ва
заифи онҳо, оммавигардонии васеи таҷрибаҳои пешрафта ва ташаккули муҳити рақобати
солим хидмат хоҳад кард.
Дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ дар доираи барнома аз ҷониби
коршиносони байналмилалӣ ва мутахассисони маҳаллӣ фаъолияти 40 идораи ҷумҳуриявӣ,
сифати идоракунӣ ва қобилияти сарварии кадрҳои роҳбарикунанда арзёбӣ гардид.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳо натиҷаҳои ноилшудаи як қатор
вазорату идораҳо эътироф шуданд.
Вазорати
адлия дар номинатсияи Вазорати аз ҳама намунавӣ дар татбиқсозии Стратегияи “Ӯзбекистон
– 2030”» ғолиб гардид. Гуфта шуд, вазорат дар фурсати кӯтоҳ ба ниҳоди муосир,
шаффоф ва рақамии адлия табдил ёфт. Алҳол тавассути 30 платформа 380 хидмат
пурра рақамӣ гардонида шуда, барои истифодаи онлайни беш аз 780 хизмат имконият
фароҳам оварда шудааст, 208 маркази хидматҳои давлатии саросари кишвар дар
асоси стандарти ягона кор мебаранд.
Вазорати
саноати кӯҳу кон ва геология ҳамчун намунавитарин вазорат дар самти идоракунии
захираҳо эътироф гардид. Таъкид шуд, ки дар вазорат маблағҳои ҷудошуда барои
кашфи конҳои нав ва рушди соҳа равона гардида, масрафи об дар корҳои ҷустуҷӯи
геологӣ 20 фоиз коҳиш ёфтааст ва сатҳи маҳаллисозии таҷҳизоти асосии кӯҳкорӣ ба
84 фоиз расонида шудааст.
Вазорати
корҳои дохилӣ барои натиҷаҳои мусбат дар самти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ
аз ҳама намунавӣ дониста шуд. Қариб аз 60 намуди хидмат, ки аз ҷониби вазорат
пешниҳод мегардад, 95 дарсадаш ба шакли рақамӣ гузаронида шудааст. 72 пойгоҳи
иттилоотие, ки пештар пароканда буданд, ба низоми ягонаи «Шаҳри бехатар» муттаҳид
гардида, ба он 14 маркази идоракунӣ ва беш аз 20 вазорат пайваст шудаанд. Соли
гузашта беш аз 148 ҳазор парвандаи маъмурӣ ба таври фосилавӣ баррасӣ
гардидааст.
Дар
доираи озмун роҳбар ва мутахассисони намунавӣ низ мукофотонида шуданд. Сардори
садорати Вазорати саноати кӯҳу кон ва геология Мақсуд Болибеков ҳамчун
намунавитарин корманд-роҳбар, сардори шуъбаи Вазорати таълими олӣ, илм ва
инноватсия Фазлиддин Мӯъминов ҳамчун беҳтарин корманди маъмурӣ, сармутахассиси
Агентии «Ӯзатом» Шоҳмирзо Умаров ҳамчун намунавитарин корманди мутахассис,
мушовири вазири коҳиши камбизоатӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ Умматой Йӯлдошева ҳамчун
беҳтарин корманд-зан, роҳбари офиси лоиҳаҳои Вазорати таълими олӣ, илм ва
инноватсия Акбархон Собирхонов ҳамчун намунавитарин корманди ҷавони боистеъдод
ва сардори шуъбаи Вазорати адлия Мирсаид Раҳматов ҳамчун корманди беҳтарин дар
самти захираҳои инсонӣ пирӯз шуданд.
Муовини
вазири тандурустӣ Олим Омонов ҳамчун беҳтарин муовини вазир, директори Агентии
энергияи атомӣ Азим Аҳмадхӯҷаев ҳамчун намунавитарин директори агентӣ ва раиси
Кумитаи рушди рақобат ва ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон Халилилло Тӯрахӯҷаев ҳамчун
раиси беҳтарин кумита эътироф гардиданд.
Сарвари
давлат пешниҳод намуд, ки мақоми кормандони эътирофшударо як зина баланд
бардошта, ба захираи кадрҳои роҳбарикунанда дохил карда шаванд. Таъкид гардид,
ки корбарии доимии онҳо бобати такмил додани таҷрибаву маҳорат, тафаккури нав
ва татбиқи равишҳои инноватсионӣ дар фаъолияти меҳнатӣ бояд барои дигарон
намуна бошад.
Президенти
мамлакат зикр намуд, ки дар марҳилаҳои минбаъда барнома боз ҳам шаффофтар ва
талабот низ бештар хоҳад шуд. Минбаъд дар баробари идораҳое, ки натиҷаҳои хуб
нишон додаанд, номи ташкилотҳое, ки аз рӯйи самарадорӣ ва сифати хидматрасонӣ қафо
мемонанд, ошкоро гуфта мешаванд. Ин идораҳои давлатиро водор месозад, то ба
фаъолияти худ баҳои холисона дода, камбудиҳоро бартараф намоянд ва масъулияти
худро назди аҳолӣ бештар эҳсос кунанд.
Минбаъд
барномаи «Идоракунии босифати давлатӣ» дар ҳар ду сол гузаронида мешавад. Аз
марҳилаи оянда дар он ҳокимиятҳои маҳаллӣ низ иштирок хоҳанд кард. Зеро натиҷаи
ислоҳот пеш аз ҳама бояд дар зинаҳои поёнӣ, дар сатҳи ноҳия ва шаҳрҳо эҳсос
шавад.
Сарвари
давлат таъкид намуд, ки офаридани низоми босамари давлатӣ, ки халқ ба он бовар
доранд, қадри инсонро арҷ мегузорад ва мушкилоти мардумро сабук мекунад,
минбаъд низ вазифаи афзалиятнок боқӣ мемонад. Гуфта шуд, ки дар фаъолияти
вазорату идораҳо тамоюли на «барои раванд», балки «барои натиҷа» бояд ба меъёри
асосӣ табдил ёбад.