Солҳои охир ҷиҳати такмили низоми интихоб, ба кор қабул
намудан ва ҳавасмандгардонии кадрҳо дар хизмати давлатӣ ислоҳоти густурда амалӣ
гардид.
Қонуни алоҳидае қабул шуд, ки ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва тамоюлҳои
асосии фаъолияти хидматчиёни давлатии шаҳрвандиро муайян мекунад. Шумораи воҳидҳои
кории кормандони идоракунӣ дар мақомоти давлатӣ аз 73 ҳазор дар соли 2016 то ба
54 ҳазор адад оптимизатсия карда шуд.
Дар
тақдимот номутавозуниҳое, ки дар низоми ҷории пардохти музди меҳнат боқӣ
мондаанд, таҳлил гардиданд.
Алҳол
дар сохтори музди меҳнати хидматчиёни давлатӣ ҳиссаи маоши вазифавӣ аз 15 фоиз
намеафзояд. То 70 фоизи фонди музди меҳнатро пардохтҳои гуногуни иловагӣ,
мукофотпулӣ ва ҳавасмандгардонӣ ташкил медиҳанд, ки ба натиҷаи воқеии фаъолияти
корманд вобаста нестанд.
Дар
натиҷа, миёни музди меҳнати кормандоне, ки дар як мақом, вазифаҳои якхеларо иҷро
мекунанд, фарқияти назаррас ба вуҷуд омадааст. Гуфта шуд, ки нисбат ба
кормандони воҳидҳои ҳудудии баъзе вазорату идораҳо ва соҳибони вазифаҳои ҳамсон
дар ҳокимиятҳои вилоятӣ, ноҳиявӣ ва шаҳрӣ принсипи баробарӣ пурра риоя
намешавад.
Ҳуҷҷати
ягонаи ҳуқуқие, ки низоми пардохти музди меҳнатро танзим намояд, вуҷуд надорад.
Дар аксар мақомоти давлатӣ беш аз 50 санади меъёрии алоҳида оид ба шартҳои
пардохти музди меҳнат амал мекунад.
Аз
ин рӯ, пешниҳод шуд, ки низоми ягона, шаффоф ва ба натиҷаҳо асосёфтаи пардохти
музди меҳнати хидматчиёни давлатии шаҳрвандӣ ҷорӣ карда шавад.
Бо
низоми нав фаро гирифтани 54 ҳазор нафар хидматчии давлатӣ дар назар аст. Мақомоти
давлатӣ ба сатҳҳои миллӣ, ҷумҳуриявӣ, ҳудудӣ, инчунин ноҳиявӣ ва шаҳрӣ ҷудо
гардида, кормандон вобаста ба вазифаҳои иҷрокардаашон ба гурӯҳҳои идоракунии
маъмурӣ, асосӣ ва дастгирӣ тақсим мешаванд.
Пешниҳод
шуд, ки дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ шабакаи нави музди меҳнатии иборат аз
11 разряд ва 6 зина ҷорӣ карда шавад. Ба ҷойи зиёда аз даҳ намуди пардохтҳои
иловагӣ ва мукофотҳо се намуди асосии пардохти ҳавасмандкунанда татбиқ мешавад.
Аз
ҷумла, барои сатҳи тахассус, иҷрои вазифаҳои функсионалӣ, интизоми иҷро ва меҳнат,
инчунин нишондиҳандаҳои самаранокӣ (KPI), ки ташаббускорӣ ва натиҷаи фаъолияти
кормандро арзёбӣ мекунанд, иловапулӣ пардохт мешавад.
Ҳамчунин
барои кормандоне, ки вазифаҳои муҳим ва мураккабро иҷро намуда, усулҳои
инноватсиониро ҷорӣ кардаанд ва ба натиҷаҳои баланд ноил шудаанд, пас аз анҷоми
давраи ҳисоботӣ пардохти бонус пешбинӣ шудааст.
Музди
меҳнати кормандони садоратҳои минтақавӣ аз маоши иҷрокунандагони вазифаҳои ҳамсон
дар ҳокимиятҳои дахлдор зиёд нахоҳад буд. Дар муайян кардани музди меҳнат ва воҳидҳои
корӣ дар ноҳия ва шаҳрҳо шумораи аҳолӣ ва хусусиятҳои хоси минтақа ба инобат
гирифта мешаванд.
Муҳимтар
аз ҳама, ҳар як хидматчии давлатӣ пешакӣ медонад, ки музди меҳнати ӯ чӣ гуна
ташаккул меёбад ва барои кадом натиҷаҳо иловапулӣ ё бонус мегирад. Ин барои
афзунсозии самарадорӣ, ташаббускорӣ ва масъулияти кормандон мусоидат хоҳад
кард.
Сарвари
давлат таъкид намуд, ки дар низоми пардохти музди меҳнат таъмин намудани адолат
ва шаффофият, инчунин бо сатҳи тахассус, масъулият ва натиҷаҳои бадастовардаи
корманд вобаста кардани музди меҳнат муҳим мебошад.
Инчунин, бар асоси меъёрҳои мушаххас, чун азхудкунии технологияҳои пешрафтаи иттилоотӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, дониш ва малакаҳои муосир, инчунин такмили таҷриба ва сатҳи касбии корманд пардохт намудани бонусҳо муқаррар гардид.