Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар шаҳри Пекин ба изҳороти муштарак дар бораи таҳкими минбаъдаи ҳамоҳангсозии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар, инчунин густариши муносибатҳои ҳамсоягии нек ва ҳамкории дӯстона ба имзо расониданд.

Ҳамчунин дар ҳузури онҳо 20 санад оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба имзо расид.

Си Сзинпин изҳор дошт, ки ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ миёни ду кишвар се сол боз пайдарпай аз марзи 200 миллиард доллар зиёд аст. Ба иттилои report.az гардиши мол миёни Русия ва Чин дар моҳҳои январ–апрели соли ҷорӣ қариб 20 фоиз афзоиш ёфтааст.