Баландии робот қариб ба се метр мерасад. Ин дастгоҳ метавонад барои ҳаракат ба шакли чорпоя табдил ёбад ё бо ду по роҳ равад. Дар навори таблиғотӣ таҳиягарон нишон доданд, ки роботи GD01 девори аз блокҳои бетонӣ сохташударо ба осонӣ вайрон мекунад.

Хусусияти асосии навоварӣ мавҷуд будани кабина барои оператор мебошад. Инсон метавонад мустақиман дар дохили робот нишаста, онро идора кунад. Ширкат GD01-ро ҳамчун «нахустин меха-трансформери идорашаванда, ки ба истеҳсол расидааст» тавсиф мекунад.

Нархи ибтидоии робот 3,9 миллион юанро ташкил медиҳад, ки тақрибан ба 500 ҳазор евро баробар аст. Бо вуҷуди ин, истеҳсолкунанда то ҳол хусусиятҳои техникии онро, аз ҷумла муҳлати кори батарея, суръати ниҳоӣ ё вақти пуркуниро ошкор накардааст.

Таҳиягарон таъкид мекунанд, ки GD01 танҳо барои истифодаи ғайринизомӣ сохта шудааст. Чунин роботҳо метавонанд ҳангоми рафъи паёмадҳои офатҳои табиӣ ё кор дар муҳитҳои хатарноке, ки техникаи оддӣ ба онҳо дастрасӣ надорад, муфид бошанд.