Дар оғози суҳбат бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ба шарофати тамосҳои фаъол дар сатҳи олӣ ва фаъолияти муназзам муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Қатар ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Зикр гардид, ки чунин муносибатҳои наздик ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамкории байни ду кишвар мусоидат мекунанд.
Зимни мулоқот раванди татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада баррасӣ шуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ боз ҳам густариш диҳанд.
Ҳамчунин, роҳбарони ду давлат оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ табодули афкор намуданд.