Дар оғози мулоқот қонунофарони амрикоӣ Президенти Ӯзбекистон
ва мардуми кишварро ба муносибати 35-солагии Истиқлол самимона табрик карданд.
Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ
миёни Ӯзбекистон ва ИМА, инчунин рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ баррасӣ
шуданд.
Мушоҳидаи суръати мусбат дар муносибатҳои дуҷониба, дар
сатҳи баланд қарор доштани муколамаи сиёсӣ, фаъол гардидани робитаҳо ва ташрифҳои
мутақобила бо қаноатмандӣ таъкид гардид. Сарони ду мамлакат зимни суҳбати
телефонӣ, ки чанде пеш ба вуқӯъ пайваст, самтҳои афзалиятноки густариши
минбаъдаи шарикии стратегиро муайян карданд.
Ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ диққати махсус
дода шуд. Аз аввали соли ҷорӣ ҳаҷми савдои мутақобила 20 дарсад афзоиш ёфтааст.
Барномаи сесолаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки оғози кор ва татбиқи лоиҳаҳои бузургро
дар соҳаҳои энергетика, маъданҳои муҳим, нақлиёт, кишоварзӣ, технологияҳои рақамӣ
ва саноат пешбинӣ мекунад, пайгирона амалӣ мегардад.
Нақши муҳими Конгресси ИМА дар дастгирии ислоҳоти
густурда, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, инчунин пешбурди мулоқоти созанда
ва барои ҳар ду ҷониб судманд миёни ду кишвар таъкид гардид.
Ба густариши ҳамкориҳои байниминтақавӣ таваҷҷуҳи махсус
дода шуд. Омодагӣ барои рушди минбаъдаи робитаҳои мустақим ва татбиқсозии лоиҳаҳои
муштарак бо иёлатҳои Миссурӣ, Каролинаи Шимолӣ, Техас ва Ҳавайӣ, ки аъзои ҳайати
ИМА намояндагӣ мекунанд, изҳор гардид.
Дар мавриди масъалаҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавӣ
ва байналмилалӣ низ мубодилаи афкор намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо аз рӯйи ташкили ташрифи мутақобилаи
намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ба мувофиқа расиданд.