Роҳбари давлати мо таъкид намуд, ки солҳои охир муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Туркия пайваста рушд меёбанд. Ҳамзамон, нақш ва саҳми намояндагони доираҳои соҳибкорӣ дар ин раванд муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни суҳбат шарики туркӣ ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноати кимиё, геология ва сохтмон дар Ӯзбекистони Нав, ки барои ҳар як сармоягузор имкониятҳои васеъ фароҳам меорад, изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Ҳамчунин, омодагии ширкат барои иштироки фаъолона дар сохтмони маҷмааҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохтори беруна дар Тошканди Нав таъкид гардид.