Маркази санъати муосир яке аз лоиҳаҳои пешсафи Бунёди рушди фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон мебошад. Бунёди он ташаббуси роҳбари давлат ва самараи корҳои пайгиронае мебошад, ки дар самти рушди фарҳанг, дастгирии муҳити эҷодӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангии кишвар амалӣ мегарданд.

Роҳбари давлат таъкид кард, ки мероси ғании фарҳангӣ ва таърихи пурифтихори халқи мо дар саросари ҷаҳон ба маънои воқеӣ шавқмандии зиёдро бедор менамояд. Солҳои охир дар мамлакат ҷиҳати эҳё, ҳифз ва тарғиби ин сарвати бебаҳо корҳои бонизом роҳандозӣ шудаанд.

Ҳамзамон, Президент зарурати рушди пайгиронаи санъати муосирро низ ёдовар намуд. Санъати муосир ҷаҳонбин, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва иқтидори созандаи насли имрӯзро инъикос намуда, дар густариши муколамаи фарҳангӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таҳкими минбаъдаи симои фарҳангии Ӯзбекистони Нав имкониятҳои муҳим фароҳам меорад.

Аз ҳамин нуқтаи назар, Маркази нави санъати муосир бояд ба як майдони боз барои эҷодкорон, кураторҳо, муҳаққиқон ва ҷавонон, инчунин ба маконе табдил ёбад, ки устодони санъати муосири мамлакат ва хориҷи кишварро ба худ ҷалб мекунад. Дар ин ҷо ташаккул ёфтани ғояҳои нав, робитаҳои касбӣ ва лоиҳаҳое, ки иқтидори фарҳангии кунунии Ӯзбекистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунанд, хеле муҳим аст.

Дар Ӯзбекистон ин марказ аввалин муассисаи давлатиест, ки ба санъати муосир ихтисосонида шудааст. Ҳамзамон, он аз рӯйи миқёси ба ҳам овардани фаъолияти намоишӣ, таълимӣ, таҳқиқотӣ ва маърифатӣ, нахустин маҷмааи фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Маркази нав дар бинои таърихие, ки соли 1912 бар асоси лоиҳаи меъмор Вилҳелм Гейнзелман бунёд гардидааст, ҷойгир шудааст. Нахуст дар ин ҷо депои трамвай ҷойгир буд ва баъдан бино ҳамчун неругоҳи барқи дизелӣ истифода шудааст.

Консепсияи меъмории бозсозии бино аз ҷониби бюрои «Studio KO»-и Фаронса таҳия шудааст. Дар раванди навсозӣ симои таърихӣ ва хусусиятҳои хоси меъмории саноатии иншоот ҳифз гардидааст. Ҳоло бино ба талаботи маскани муосири фарҳангӣ мутобиқ карда шудааст.

Президент аз майдонҳои намоишӣ ва таълимӣ, минтақаҳои ҷамъиятии марказ дидан кард. Дар маҷмаа барои баргузории вохӯрӣ ва барномаҳои оммавӣ майдонҳо, мағозаи консептуалӣ ва тарабхона ташкил гардидааст. Дар китобхонаи ихтисосонидашуда ва бойгонии таҳқиқотӣ, ки барои доираи васеи ҷомеа пешбинӣ шудааст, адабиёт ва маводи марбут ба санъат, фарҳанги визуалӣ ва назарияи интиқодӣ ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар марказ намоишгоҳ, лексия, суҳбат ва муҳокимаҳои кушод, намоиши филмҳо, консерт, перформансҳо, устохонаҳои эҷодӣ ва барномаҳои арт-резиденсия баргузор хоҳанд шуд. Ин барномаҳо ба дастгирии эҷодкорон, кураторҳо, муҳаққиқон ва мутахассисони ҷавони маҳаллӣ, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои нави касбӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои бо санъати муосир бештар ошно гардидани доираи васеи ҷомеа нигаронида шудаанд.

Ба муҳити доимамалкунандаи эҷодӣ ва касбӣ табдил ёфтани марказ аҳамияти хос дорад. Дар ин ҷо эҷодкорони ҷавон лоиҳаҳои худро пешниҳод мекунанд, муҳаққиқон бо манбаъҳо ва маводи бойгонӣ кор мебаранд, аҳли ҷомеа бошад, тавассути барномаҳои таълимӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва мулоқоти бевосита бо ҷомеаи эҷодӣ бо санъати муосир аз наздик шинос мешаванд.

Чунин инфрасохтор ба вазифаҳои сиёсати давлатии соҳаи фарҳанг дар самти фароҳам овардани шароит барои намоён кардани иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, рушди иқтисодиёти эҷодӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилоти гуманитарӣ ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ комилан мувофиқат мекунад.

Маҷмаа фаъолияти худро бо аввалин намоишгоҳи байналмилалӣ таҳти унвони “Hikmah” («Ҳикмат») оғоз менамояд. Намоишгоҳ ба мавзӯъҳои дониш, мероси маънавӣ ва хотираи фарҳангӣ, инчунин ҳамбастагии анъанаҳои таърихӣ бо санъати муосир бахшида шудааст.

Дар экспозитсияи намоишгоҳ 11 асари мусаввирони маъруф, аз ҷумла асарҳое, ки махсус барои ин лоиҳа офарида шудаанд, ҷой мегиранд. Дар Ӯзбекистон бори аввал ба намоиш гузошта шудани инсталлятсияе аз маҷмӯаи Осорхонаи Соломон Р. Гуггенхайми шаҳри Ню-Йорк қобили таваҷҷуҳ аст.

Марказ ҳамкориро бо муассисаҳои пешрафтаи фарҳангии хориҷӣ низ густариш медиҳад. Осорхонаи Гуггенхайм ва Осорхонаи миллии санъати Осиё дар ИМА, ташкилотҳои «Tate» ва «Delfina Foundation»-и Британияи Кабир, Маркази Помпидуи Фаронса ва Шӯрои санъати Корея аз ин ҷумлаанд.

Ба роҳбари давлат дар бораи барномаҳои минбаъдаи намоишгоҳӣ, таълимӣ ва таҳқиқотии марказ маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки макони нав ба рушди муҳити касбӣ, муаррифии васеи эҷодкорони Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангии кишварамон бо давлатҳои хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Президент зарурати ба як фазои боз ва зиндаи эҷодӣ барои ҷавонони эҷодкор, ҷомеаи касбӣ ва доираи васеи аҳолӣ табдил додани марказро таъкид намуд. Ба густариши робитаҳои байналмилалӣ, ҷалби намояндагони маъруфи санъати муосир ба кишвар ва дастгирии лоиҳаҳои нави эҷодкорони маҳаллӣ диққати махсус дод.

Лоиҳа ба мустаҳкамсозии дипломатияи фарҳангӣ, ташаккули симои муосири пойтахт ва муаррифии бештари Ӯзбекистони Нав ҳамчун мамлакате, ки дорои мероси ғании фарҳангӣ буда, ҳамзамон ба ғояҳои муосир, ҷустуҷӯҳои эҷодӣ ва муколамаи байналмилалӣ боз аст, хидмат хоҳад кард.

Кушодашавии расмии марказ 6 сентябр ба нақша гирифта шудааст.