Дар чорабинӣ ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё, муовини якуми раиси Кумитаи миллии олимпии Ӯзбекистон Отабек Умаров ва котиби генералии КМО Ӯзбекистон Ойбек Касимов иштирок намуданд.

Ин ҷамъомад дар остонаи оғози Бозиҳои соҳилии Осиё — Саня-2026 баргузор шуда, дар он ҳисоботҳо оид ба омодагӣ ба мусобиқаҳо ва муаррифии Бозиҳои тобистонаи Осиё Айчи–Нагоя-2026 пешниҳод гардиданд.

Ҳамчунин иштирокчиён ҳисоботи сохторҳои дохилии Шӯрои олимпии Осиёро шунида, дархостҳои кишварҳои номзадро барои баргузории Бозиҳои Осиё дар толорҳои пӯшида ва аз рӯи намудҳои санъати ҷангии соли 2030 баррасӣ карданд.