Ин робот метавонад дар дохили бадани бемор ҳаракат кунад ва ҳамзамон панҷ вазифаи гуногунро иҷро намояд. Дарозии он ҳамагӣ 4,4 миллиметр буда, манбаи мустақили неру надорад ва тавассути майдонҳои магнитии беруна фаъолият мекунад. Бар хилофи намунаҳои қаблӣ, робот сохтори нимсахт дошта, тарзи ҳаракати хоси худро дорад — он метавонад давр занад, то дар минтақаҳои мураккаби бадан озодона ҳаракат кунад.

Ин нахустин роботест, ки бо манбаи берунии қувваи магнитӣ якчанд вазифаро дар худ муттаҳид кардааст. Камбудии асосии тарҳҳои пешина дар он буд, ки онҳо пурра магнитонида шуда, фаъолияти ҳамаи қисмҳои роботро танҳо ба як вазифа маҳдуд мекарданд. Дар тарҳи нав аз зарраҳои магнитии диаметрашон 5 микрон, ки дар асоси силикон ҷойгир шудаанд, истифода мешавад. Ҷойгиркунии дақиқи ин зарраҳо имкон медиҳад, ки қисмҳои гуногуни робот барои иҷрои вазифаҳои муайян ба таври интихобӣ фаъол гарданд. Дар ин бора сомонаи Techcult.ru хабар додааст.

Ғайр аз ҳаракат дар дохили бадан, робот метавонад бофтаҳоро бурад, дар ҷойҳои душвордастрас биопсия анҷом диҳад ва намунаҳои гирифташударо ба берун барорад. Ҳамчунин, он қобилияти расонидани доруҳоро ба нуқтаи зарурӣ дорад. Дар мавриди ҳуҷайраҳои саратонӣ бошад, робот метавонад барои нест кардани онҳо аз усули таҷрибавии гипертермия истифода бурда, бо таъсири гармӣ онҳоро маҳв созад.

Айни замон ин технология дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад. Робот ҳанӯз дар организми зинда озмуда нашуда, танҳо дар моделҳои сунъии бофтаҳо санҷида мешавад. Он ҳанӯз дорои як қатор маҳдудиятҳо мебошад. Муҳимтарини онҳо зарурати назорати доимӣ ва мураккаби робот ҳангоми ҳаракат дар дохили бофтаҳои зинда аст.

Барои идора кардани чунин робот, ҷарроҳон бояд усулҳои нави корро таҳия намоянд ва ҳамзамон технологияҳои муосири назорат ва роҳнамоии онро дар дохили организм аз худ кунанд. Ин бошад, метавонад дар оянда барои гузаронидани амалиёт ва муолиҷаҳои гуногуни тиббӣ аҳамияти калон дошта бошад.