Чорабиниҳои асосии фестивал дар шаҳри қадимаи Хива мегузаранд, ки аз 25 то 30 апрел ба маркази
муколамаи байналмилалии фарҳангӣ табдил ёфтааст. Дар он зиёда аз 300 раққос,
хореограф, санъатшинос ва намояндагони фарҳанг аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон
иштирок доранд.
Фестивал ба санъати рақси хоразмии «Лазги» бахшида
шудааст, ки бо ифодаи пурқувват, ритми равшан ва маънои амиқи рамзӣ фарқ
мекунад. Ин рақси нодир ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарияти ЮНЕСКО ворид гардида, арзиши ҷаҳонии онро таъкид
менамояд.
Дар доираи фестивал озмуни байналмилалӣ баргузор мешавад,
ки иштирокчиён дар номинатсияҳои гуногун — аз баромадҳои инфиродӣ то гурӯҳӣ ва
саҳнавӣ рақобат мекунанд. Ба баромадҳо ҳайати доварони байналмилалӣ, ки аз
мутахассисони пешбари соҳаи хореография иборатанд, баҳо медиҳанд.
Илова бар барномаи озмунӣ, барномаи ғании фарҳангӣ ва илмӣ
низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, конференсияи байналмилалӣ оид ба нақши рақс дар
рушди фарҳанги ҷаҳонӣ, инчунин мулоқотҳои эҷодӣ, форумҳо ва дарсҳои маҳорат
баргузор мегарданд.
Маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии фестивал дар маҷмааи
таърихии Ичан-Қала баргузор мешаванд, ки
фазои махсус фароҳам оварда, робитаи санъати муосирро бо мероси ғании таърихии
минтақа нишон медиҳанд.
Фестивали «Лазги» ҳар ду сол як маротиба баргузор шуда,
аллакай ба як майдони муҳими байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ,
мубодилаи таҷриба ва рушди санъати рақс табдил ёфтааст.