Ҳадафи асосии баргузории ин фестивал афзоиши ҷараёни сайёҳон, табодули таҷриба дар соҳаи токпарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ангурӣ, муаррифӣ ва пешбурди имкониятҳои экотуризм дар бозорҳои байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба кишвар мебошад.

Дар фестивал хоҷагиҳои фермерӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, соҳибкорони соҳаи экотуризм, инчунин корхонаҳои истеҳсолкунандаи намудҳои гуногуни нӯшокиҳои табиӣ иштирок хоҳанд кард.
Дар доираи чорабинӣ ярмаркаҳои кишоварзӣ, намоишгоҳҳои брендҳои байналмилалии саноати шароббарорӣ ва ҳамоишу форумҳои байналмилалӣ бахшида ба рушди токпарварӣ баргузор мешаванд.

Барномаи фарҳангии фестивал низ рангин буда, дар он ҳунарнамоии дастаҳои фолклории миллӣ ва сарояндагони эстрада, инчунин чорабиниҳои фарогир, ки расму ойин ва анъанаҳои мардумиро инъикос мекунанд, пешбинӣ шудааст.

Дар ин замина, намояндагони ташкилотҳои сайёҳӣ, меҳмонон, сайёҳон ва сокинони маҳаллӣ ба фестивали байналмилалии «Узум сайли» даъват карда мешаванд.