Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,4 фоиз зиёд шудааст.

Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ:

содирот — 15,9 миллиард доллари ИМА (-8,8%);

воридот — 25,1 миллиард доллари ИМА (+21%).

Содироти молҳо бидуни ҳисоб кардани тилло 8,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра Ӯзбекистон бо 195 кишвари ҷаҳон муносибатҳои тиҷоратиро амалӣ намудааст.

Ҳиссаи асосии гардиши савдои хориҷии Ӯзбекистон ба кишварҳои зерин рост меояд: Чин (23,1%), Русия (17,1%), Қазоқистон (6,8%), Туркия (3,4%) ва Афғонистон (2,6%).